Бонкипур (форсӣ: بانکی‌پور‎) — яке аз минтақаҳои ғарбии шаҳри Патна воқеъ дар иёлати Биҳори Ҳиндустон.

Бонкипур
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Патна

Дар самти рости рӯди Ганг ҷой гирифтааст ва аз ин ҷост, ки онро шаҳри соҳили рӯд мегӯянд. Бонкипур бо китобхонае, ки дар он ҷой гирифтааст ва бо номҳои «Китобхонаи Худобахш» ва «Китобхонаи Бонкипур» ёд мешавад, машҳур аст. Китобхонаи мазкур яке аз марказҳои муҳимми пажӯҳишӣ дар Ҳиндустон ба шумор меравад. Муассиси китобхона Баҳодурхон Мавлавӣ Худобахшхон (асри 19) аст, ки онро дар заминаи 1400 нусхаи хаттии падараш — Муҳаммадбахш таъсис додааст. Худобахшхон аз кишварҳои гуногуни дунё ва аз Ҳиндустон нусхаҳои хаттии бисёре харидорӣ карда, захираҳои китобхонаро афзун кард. Соли 1891 китобхонаро ба давлат дод, то ба сурати китобхонаи умумӣ мавриди истифода қарор бигирад. Дар китобхонаи Бонкипур 17036 нусха китоб — 8 ҳазор ҷилд арабӣ, 8 ҳазор ҷилд форсӣ, ҳазор ҷилд ба урду, 24 ҷилд туркӣ, 12 ҷилд ба забони пашту мавҷуданд. Нусхаи куҳантарин дар ин китобхона дастнависи Қуръонест, ки аз мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд нусхабардорӣ шудааст. Соли 1903 муҳаққиқ Денисон Рос маъмури таҳияи феҳристи китобхонаи Бонкипур шуд. Дар 32 ҷилд феҳристи китобҳои китобхонаи Бонкипур таҳия гардидааст. Китобхона нашрияе дорад, ки ба ду забон — урду ва англисӣ чоп мешавад.

Адабиёт

вироиш