Бонки тавсеъаи исломӣ
Бонки тавсеъаи исломӣ, Бонки исломии рушд (ар. البنك الإسلامي للتنمية) — созмони байналмилалии молиявӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ.
Соли таъсис | 1975 ва 1973[1] |
---|---|
Макон | |
Шумораи кормандон |
|
Вебгоҳ | isdb.org |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишБонки тавсеъаи исломӣ 18 декабри 1973 дар конференсияи аввали вазирони молияи кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ бунёд шуда, фаъолияти худро 20 октябри 1975 оғоз кардааст. Сармояи Бонки тавсеъаи исломӣ аз ҳисоби ҳаққи узвияти кишварҳои аъзои он ташаккул ёфтааст. Айни замон иттиҳоди Бонки тавсеъаи исломӣ ташкил ёфтааст, ки ба он созмонҳои Иттиҳодияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Иттиҳодияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ, Институти таҳқиқотӣ ва омӯзиши исломӣ, Иттиҳодияи байналмилалии тиҷоратӣ — молиявии исломӣ дохил мешаванд ва ҳар кадом вазифаҳои муайяни худро доранд. Мақсади асосии Бонки тавсеъаи исломӣ мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои он ва ҷаҳони исломӣ дар асоси қонун ва қоидаҳои шариати исломӣ мебошад. Воҳиди пули Бонки тавсеъаи исломӣ — динори исломӣ.
Сармояи хусусии Бонки тавсеъаи исломӣ 15 млрд динори исломиро ташкил медиҳад. Айни ҳол 56 давлати дунё узви Бонки тавсеъаи исломӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 (дар маҷлиси солонаи Бонки тавсеъаи исломӣ дар шаҳри Конакрии Гвинея) узви он гардидааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки тавсеъаи исломӣ аз соли 1998 оғоз гардида, қарзҳои он дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Қарзҳои аз ҷониби Бонки тавсеъаи исломӣ пешниҳодшаванда барои барқарорсозии мактабу беморхонаҳо, хариди таҷҳизот ва сохтмони иншооти нави Тоҷикистон масраф гардидаанд. Аз ҷумла қисми зиёди роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма то сарҳадди Чин аз ҳисоби маблағҳои Бонки тавсеъаи исломӣ ва шарикони он бунёд ва азнавсозӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942
Адабиёт
вироиш- Бонки исломии рушд / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.