Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ
Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ — муассисаи байналмилалии молиявӣ, ки барои мусоидат намудан ба ҳамкории байналмилалии асъорӣ дар сатҳи бонкҳои марказии давлатҳои дар фаъолияти он ширкаткунанда таъсис ёфтааст.
Вебгоҳ | bis.org(англ.) |
---|
Бонк соли 1930 аз ҷониби кишварҳои Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Итолиё ҳамчун бонк-ҳамоҳангсози ҳисобу китобҳои байналмилалӣ оид ба пардохтҳои репаратсияҳое, ки Шартномаи сулҳи Версал муқаррар намудааст, таъсис дода шудааст. Айни ҳол қароргоҳи бонк ҳамчун ҷамъияти саҳомии байналмилалӣ дар Базел буда, дар доираи ҳуқуқии Швейсария фаъолият дорад. Дар сармояи он ҳукуматҳои ҳамаи давлатҳои Аврупо (ба истиснои давлатҳое, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтаанд) иштирок менамоянд. Намояндагони давлатҳои ИМА, Ҷопон ва Канада дар ҷаласаҳои ҳармоҳаи Раёсати БҲКБ ширкат меварзанд. Фаъолияти бонк ба таъсиси Клуби Базел, ки «ҷойи мулоқот»-и мусоид барои намояндагони сохторҳои гуногун мебошад, боис гардид. Клуби Базел ташаббускори бисёр созишномаҳои муҳимми байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Хатогӣ дар параметрҳои шаблони {{ТарҷумаКунед}}.
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Банк міжнародных разьлікаў.
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
[[Гурӯҳ:Википедиа дархостҳо барои тарҷумаи беларусӣ error: be-tarask is an IETF tag (help)]]