Бонус
саҳифаи маъноҳои Викимедиа
Бонус (лот. bonus — некӯ, хуб) — подоши изофӣ, ҷоиза, изофапулӣ ба маош, мукофотпулӣ дар шаклҳои пулӣ ва молӣ. Одатан ин мафҳумро ҳамчун подоши иловагӣ ё ҷоиза тафсир медиҳанд. Бонус воситаи муносиби ҳавасмандсозию таъсирбахшӣ ба кормандон буда, як ё ду маротиба дар шакли пулӣ ва ғайра пардохт мешавад. Дар суғурта, тиҷорат ва ғайра тахфифи иловагиест, ки барои харидор пешниҳод мегардад. Дар дигар ҳолатҳо тахфифи иловагиест, ки аз ҷониби фурӯшанда, мутобиқи шартҳои муомила ё созишномаи алоҳида пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, онро ба маънии баҳраи ҳисобии изофӣ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бонус / Р. Раҷабов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.