Бону, Ситсилия Бенсиановна

Бону Ситсилия Бенсиановна (13 март 1911 ё 1911[1], Liubech[d]11 январ 1998 ё 1998[1], Маскав) — шоир ва тарҷумони рус. Коркуни хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1981). Узви ИН ИҶШС (1934). Ҳамсари Абулқосим Лоҳутӣ.

Бону, Ситсилия Бенсиановна
Таърихи таваллуд: 13 март 1911(1911-03-13) ё 1911[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 январ 1998(1998-01-11) ё 1998[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, тарҷумон, literary theorist, муҷрии родию, насрнавис, шоир
Солҳои эҷод: аз 1936
Забони осор: русӣ[1] ва форсӣ[1]
Ҷоизаҳо:
медали «Барои меҳнати шоён»

Зиндагинома

вироиш

Шуъбаи форсии курсҳои шарқшиносиро соли 1928 дар шаҳри Киев хатм намуда, ба Осиёи Миёна, ба Самарқанд омад. Дар ин ҷо аввал муаллима буд; сипас дар радио чун ровӣ, ходими г. «Овози тоҷик» кор кард. Соли 1930 дар Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба кор даромад. Дар тӯли ҳаёти эҷодӣ Бону, асосан ба тарҷумаи шеъру достонҳои Абулқосими Лоҳутӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забони русӣ машғул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1943 дувоздаҳ маҷмӯаи ашъори А. Лоҳутӣ дар тарҷумаи Бону ба табъ расиданд. Маҷмӯаҳои нисбатан мукаммали тарҷумакардаи Бону аз ашъори Лоҳутӣ «Лирика» (М., 1970) ва «В сад я вышел на заре» (Д., 1983) мебошанд. Тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки Бону дар ҳамкорӣ бо А. Лоҳутӣ анҷом додааст, яке аз беҳтарин тарҷумаҳои «Шоҳнома» ба забони русӣ ба шумор меравад. Ин тарҷума дар АИ ИҶШС солҳои 1957-89 (нашри дуюмаш 1994) бо муқаддимаи муфассали А. Стариков, шарҳу тавзеҳоти фарогири кулли ҷузъиёт ва ғ. ба табъ расидааст.

Маҷмӯъаҳои ашъораш бо номҳои «Ду нома», «Иттиҳоди ҷудоинопазир», «Ҳикояти пионер» (ҳар се — 1942) чоп шудаанд. Бону ширкаткунандаи ҶБВ (1941-45) буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш