Бонҷини Дайламӣ (? — 935[1]) — сипаҳсолори Оли Зиёр дар замони Вушмагир ибни Зиёр.

Бонҷини Дайламӣ

Ибни Халдун дар «Китобу-л-ибар» зимни шарҳи истилои амири саид Наср ибни Аҳмад дар Кирмон аз .Д.Б ёдовар мешавад, ки дар сари сипоҳи Вушмгир ибни Қобус бар зидди сипоҳи Мокони Кокӣ бар Домғон меояд. Амири саид пас аз кушта шудани Мардовиҷ ба сипаҳсолори худ дар Хуросон — Муҳаммад ибни Музаффар ва Мокони Кокӣ амр медиҳад, ки ба Ҷурҷон ва Рай равад, ки Вушмгир онро аз итоати Сомониён бароварда буд. Мокон аз роҳи биёбон ба сӯи Домғон рафт. Бонҷини Дайламӣ низ бо супориши Вушмгир ва дар раъси сипоҳи гарон ба истиқболи Мокон рафт. Мокон аз сипаҳсолори Хуросон мадад хост. Муҳаммад ибни Музаффар, ки дар Бистом буд, ба мадади ӯ шитофт ва аз Мокон дархост, то расидани ӯ аз набард бо Бонҷини Дайламӣ даст боздорад. Вале Мокон бар хилофи амри ӯ бо Бонҷини Дайламӣ ҷанг оғоз кард ва аз ӯ шикаст хӯрд. Мокон ва ёрони ӯ мунҳазим ба назди Муҳаммад ибни Музаффар рафтанд ва аз он ҷо роҳии Ҷурҷон шуданд. Бонҷини Дайламӣ эшонро таъқиб кард ва роҳи Ҷурҷонро бар онон баст. Мокон ва сипоҳи Хуросон ночор ба Нишопур баргаштанд ва амири саид иморати Нишопур ба Мокон дод. Бонҷини Дайламӣ баъд аз ин Ҷурҷонро тасарруф кард, вале баъд аз чанд рӯзи дохил шудан ба Ҷурҷон ба ҳалокат расид. Ибни Халдун дар бораи ҷузъиёти ба ҳалокат расидани ӯ ҳарф намезанад[2].

  1. وفات بانجین دیلمی. tarikh.inoor.ir. Comprehensive History Website. 4 октябри 2023 санҷида шуд.
  2. Сомониён дар оинаи таърих, ҷ. 2. — Х.: Раҳим Ҷалил, 1998. — С. 449

Адабиёт

вироиш