Борбад

мусиқидони эронӣ
(Тағйири масир аз Борбади Марвазӣ)

Борбад (форсӣ: باربد‎), Борбади Марвазӣ[2] (форсӣ: باربد مروزی‎; асри VI, Ҷаҳрум, устони Форс ё Марв628[1], Тайсафун) — таронасаро, навозанда, мусиқидони эронӣ, асосгузори маҷмӯъи силсилавии мусиқии устодонаи эронӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбаз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад. Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан» аст. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (ҳукмронӣ 592—628).

Борбад
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд асри VI
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 628[1]
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мусиқидон, шоир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки мусиқидону фарҳангии шинохтаи замонаш буд, омӯхтааст. Фаъолияти омӯзишӣ ва ҳунарандӯзиаш асосан дар Марв (Марвиҷаҳон), ки аз бузургтарин марказҳои фарҳангии замони Сосониён буд, ҷараён гирифтааст. Мувофиқи ахбори манобеи хаттии арабизабон, форсии тоҷикӣ, арманӣ (ал-Ҷоҳиз, 775—818; Ибни Хурдодбеҳ, фавт 912; Масъудӣ, фавт 957; Ибни Муқаффаъ, 721—757; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, 897—967 ва дигар) хонаводаи Борбад тақр. солҳои 588-90 ба ин шаҳр кӯчидааст. Борбад аз овони ҷавонӣ аз донандагони шеъру мусиқӣ овозхонӣ, сознавозӣ ва асосҳои назарии мусиқиро омӯхта, дар асоси «Готҳо», «Яшт», «Ясно» таронаҳои гуногунмавзӯи мавсимию маросимӣ эҷод менамояд. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «транак» (tranak — тарона), «чикамак» (chikamak — чакома), «срут» (srut — суруд), «патвожа» (patwajak) ва ғ. асарҳо меофарад ва чун сароянда, навозанда ва шоири боистеъдод ба камол мерасад. Асари силсилавии мусиқии Борбад «Хусравонӣ» («Срути Хусравоник» — Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» — «Суруди Хусравонӣ»), ки дар манобеи адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқату-л-мулукия» машҳур аст, бинобар тавзеҳу тавсифи мусиқидонон аз аввалин маҷмӯи муҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии мардуми эронӣ ва умуман Шарқ мебошад. Ин асар маҷмӯи ситоишии ҳамосию таърихӣ буда, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (590—628) бахшида шудааст. Борбад инчунин силсилаи дигари мусиқиро бо номи «Сраишник» — Srayishnik сохтааст, ки дар сурудҳои он табиат, сиришту тақдири инсон, корнамоии паҳлавонон ва ғ. ситоиш гардидаанд. Дар манобеи хаттӣ («Китобу-т-тоҷ»-и ал-Ҷоҳиз) ин силсила бо номи «Сарвад Ҳунавак» — Sarwad hunawak (сурудҳои хушоҳанг, замзамаи сохту таркибан ситоишӣ) бештар ёд шуда, дар ташаккули маҷмӯи мусиқии тавсифии оянда нақши муассир доштааст. Борбад дар дарбори шоҳаншоҳони сосонӣ ба мартабаи «сарвар», «шоҳи ромишгарон» мерасад.

Фаъолияти эҷодии Борбад дар дарбор дар ҳамкорӣ бо мусиқидонон, ҳунарвароне чун Накисо, Саркаб, Бомшод, Ромтин, Озодвори Ҷангӣ, Гесӯи Навогар рангину пурбор гузашта, маҷмӯи зиёди суруду оҳангҳои маросимию мавсимӣ эҷод менамояд. Дар адабиёти илмии мусиқии форсии тоҷикӣ ва арабизабон (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тусӣ ва дигарон) намунаи барҷастаи таснифоти устодонаи мусиқиро дар мисоли маҷмӯаи силсилаи Борбад «Тариқату-л-қадимия», «Тариқату-л-Фаҳлизия», «Форсиёт», «Форсивонсуруд» натиҷагирӣ кардаанд.

Оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти Борбад дар манобеи хаттии тоисломӣ, давраи исломии асрҳои миёна тавсифоти зиёд зикр ёфта, аз шуҳрат ва маҳорати эҷодию иҷроияш бисёр сухан меравад. Ӯро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 дастони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаву Наздик, тадвингари аввалин мактаб, равияи устодонаи иҷроӣ ва ғ. донистаанд. Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузошт. Хусусан 30 лаҳни Борбад аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шуъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, «Ҳафтдастгоҳ», «Шашмақом») гардидаанд. Дар маъхазҳои хаттии таърихию адабӣ (фарҳангҳои форсии тоҷикӣ, достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ ва ғ.) ному адади сӣ лаҳни Борбад ба таври гуногун омада ва номҳои асосии он тибқи манобеи хаттии мусиқӣ ва манзумаи Маликушшуаро Баҳор чунин аст: «Ороиши Хуршед», «Ойини Ҷамшед», «Аврангӣ», «Боғи Ширин», «Тахти Тоқдис», «Ҳуққаи Ковус», «Роҳу рӯҳ», «Фаррухрӯз», «Ромиши ҷон», «Сабз дар сабз», «Сарвистон», «Сарви саҳӣ», «Шодурвони Марворид», «Шабдиз», «Қуфли румӣ», «Ганҷи бодовард», «Ганҷи сӯхта», «Кини Эраҷ», «Кини Сиёвуш», «Моҳ бар кӯҳон», «Мушкдона», «Марвои нек», «Мушкмолӣ», «Меҳргонӣ», «Ноқус», «Навбаҳорӣ», «Нӯшинлабон», «Нимрӯз», «Нахчиргон», «Ганҷи гов». Сӣ лаҳн ва дигар таснифоти Борбад воқеоти таърихӣ, фарҳангӣ, ҷашну маросимҳо, корномаву ҷаҳонкушоиҳо, саргузашти родмардони таърихи бостони мардуми эрониро баён намудаанд. Борбад ба сифати устоди фарҳангистони (ramishsray) ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гурӯҳҳои ҳунарӣ, коргузории гурӯҳҳо (мусиқии дарборӣ, мусиқии ҳарбӣ, мусиқии маросимӣ, мусиқии размӣ, мусиқии базмӣ ва ғ.) хидмати шоиста намуда, барои ҳар гурӯҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст. Ҳар дастаи тартибдодаи Борбад худ роҳбаре дошт, ки онро «хуррамбош» (xwarambach) ва ё «хуниёкиҳ» (huniyakih), «хуниёкар» (huniyakar — роҳбари мусиқӣ) мегуфтанд. Сарпарастии ҳамаи дастаҳои созию овозиро Борбад ба уҳда дошт ва ин рутбаро «гасангуфт» (qasanqoft), гасанрийшниҳ" (qasansrayishnih, яъне сарвару раҳнамои сурудгӯён, навозандагон) меномиданд. Борбад дар вусъати ҳунарии дастаҳои касбии иҷроии беруназдарбории замони Сосониён бо номи «гасаник» — qasanik (сурудгӯён), «гасангуфт» (qasanqoft), «гавасан» (qavasan), гавасансроишан (qavasansrayishan — мутрибон, устодони сароянда, мусанниф), «равиустадан» (raviystadan — гӯяндагони достонҳои таърихию ҳамосӣ), «нивакустадан» (nivaqystadan — сознавозон, оҳангсозон, сароянда — навозанда) ва дигар табақаву гурӯҳҳои мусиқӣ низ саҳми хосси эҷодию иҷроӣ доштааст. Низоми мусиқии мураттабнамудаи Борбад дар рушди пояҳои касбияти мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва масъулияти аҳли мусиқӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Борбад инчунин дар табақабандии овозҳои иҷроӣ, яъне занона (зананик — zananik) ва мардона (мардикавач — mardikawach) асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст. Мас., барои занони овозхон бо номи «Таҳнис» (Tahnis) асарҳо офаридааст. Образ, шахсият ва мероси мусиқии Борбад дар осори хаттии форсию арабизабон зиёд ба қалам омада (достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, ғазалу қасоиди классикони форс-тоҷик ва араб), рисолаҳои назариявӣ, таълифоти қомусӣ (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тусӣ, Қайси Розӣ ва дигарон) ба нақши ӯ дар поягузории мусиқии классикии мардуми Шарқ баҳои баланд додаанд. Ҳамчунин дар донишномаҳову таҳқиқоти назариявии замони шӯравӣ, пажӯҳишгарони Аврупо доир ба саҳми Борбад дар бунёди маҷмӯи силсилавии мусиқӣ, хосса санъати мақомхонӣ натиҷагириҳои ҷолиб рӯйи кор омадаанд, ки ин хулосаҳо бар пояи ахбори муътамади хаттии замони Сосониён ва баъдӣ тавзеҳ шудаанд. Баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Борбад, инчунин яке аз сабкҳо, шаклҳои иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъаноти эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дорад ва он бо номи «Марвӣ» (мавригӣ), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъаноти мусиқии тоҷикон барҷост. Шахсият ва осори Борбад чун хориқаи бузурги ҳунарӣ мавриди баррасии аҳли таҳқиқ, ҳунару адаби ҳар давру замон будааст.

Некдошт

вироиш

Соли 1985 дар шаҳри Душанбе 1400-солагии зодрӯзи Борбад ҷашн гирифта шуд. Ба хотири абадигардонии шахсияти Борбад дар ҷумҳурӣ коху хиёбонҳо ба номи Борбад номгузорӣ ва доир ба дастовардҳои мусиқӣ Ҷоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст.

  1. 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #128601701 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  2. Borhan-e Ghate', By Mohammad Hossein ibn-khalaf Tabrizi

Адабиёт

вироиш