Бордоршавӣ — омехта гаштани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модинаи рустанӣ, ҳайвонот ва одам, ки дар натиҷа зигота ҳосил мешавад.

Моҳияти бордоршавии ҳайвонотро бори нахуст файласуфон-табиатшиносон ва табибони қадими Ҳиндустон, Хитой, Юнон ва Рум шарҳ додаанд. Бордоршавии ҳайвонот дар тухмроҳа ба амал меояд. Нутфа дар дохили узви ҷинсии модина 18-20 соат қобилияти ҳаракаташро нигоҳ медорад. Дар парандаҳо низ бордоршавӣ дар тухмроҳа ба вуқӯъ мепайвандад. Нутфа дар ҳуҷайраҳои махсус — «лонаҳо» ғун шуда, ҳангоми ихроҷи навбатӣ тухмро то ҳосил шудани пардаи сафеда бордор мекунад. Дар ин ҳуҷайраҳо нутфа қобилияти ҳаётиашро дуру дароз (мас., дар ғоз 1-2, мурғобӣ 2-3, мурғ ва мурғи марҷон 5-6 ҳафта) нигоҳ медорад. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ҳайвони модина нутфаи ҳайвони наринаро қабул мекунад. Нутфа ва ҳуҷайратухм дар ҷараёни ферментатсияи мураккаб омехта мешаванд. Дар ин маврид ферменти гиалуранидаза фаъол шуда, пардаи ҳуҷайратухмро ҳал мекунад. Ибтидои бордоршавӣ аз дохил гаштани нутфа (ҳамаи нутфа ё сару гардани он) ба ҳуҷайратухм оғоз меёбад. Сипас ҳаста (ядро)-и нарина ва ҳуҷайраи ҷинсии модина ба ҳам омехта мешаванд. Дар натиҷаи табаддулоти физикию кимиёӣ ҳуҷайратухм бо пардае иҳота мешавад, ки он садди дохил шудани нутфаҳои дигар мегардад. Дар аксар ҳайвонот баъзан ба ҳуҷайратухм чанд нутфаи дигар ҳам роҳ меёбад, вале фақат ҳастаи яке аз онҳо ба ҳастаи ҳуҷайратухм омехта, ҳастаи дигар нутфаҳо маҳв мешаванд.

бордоршавии рустанӣ масъалаи умдаи эмбриологияи рустанӣ ба шумор меравад. Таърихи таҳқиқи бордоршавӣ дар рустаниҳо ба омӯзиши масъалаи ҷинси онҳо вобаста аст. Дар олами наботот бордоршавӣ ба таври гуногун (мас., изогамӣ, гетерогамӣ, оогамӣ) сурат мегирад. Изогамия дар рустаниҳои дараҷаи паст мушоҳида мешавад. Моҳияти изогамия аз он иборат аст, ки гаметаҳои нарина ва модина (бо қамчинак ҳаракат мекунанд) зоҳиран ба ҳам монанд бошанд ҳам, аз ҷиҳати физиологӣ фарқ доранд. Ҳангоми гетерогамия гаметаҳои наринаву модина бо андоза ва ҳаракат фарқ мекунанд. Гаметаи модина нисбатан калон ва камҳаракат аст. Изогамия низ ба рустаниҳои дараҷаи паст хос мебошад. Дар аснои оогамия гаметаҳо аз ҷиҳати морфология, андоза ва ҳаракат фарқ доранд. Оогамия дар рустаниҳои дараҷаи паст ва олиташаккул мушоҳида мешавад. Гаметаи модина (ҳуҷайратухм) дар рустаниҳои дараҷаи паст дар дохили оогамия, дар рустаниҳои спорадори олиташаккул ва лучтухмҳо дар архегония ва дар рустаниҳои гулдор дар ҷанинхалта ба вуҷуд меояд. Гаметаҳои нарина (сперматозоид) дар рустаниҳои спорадори дараҷаи паст ва олиташаккул дар антеридийҳо ҳосил мешаванд. Гаметаи наринаи рустаниҳои лучтухм бе қамчинак аст (дар гарднайча ба вуҷуд меояд). Дар бактерияҳо бордоршавӣ муддати мадид номаълум буд. Соли 1946 дар қаламчамикроби рӯда мавҷудияти конъюгатсияи ҷинсӣ ошкор гашт. Дар аксари обсабзҳо (ғайри обсабзҳои кабуду сабз) бордоршавӣ бо тарзи гуногун сурат мегирад. Дар натиҷаи бордоршавӣ зигота ва аз он спорофит ҳосил мешавад. Бордоршавии занбӯруғҳои дараҷаи паст ва олиташаккул аз ҳамдигар фарқ дорад. Дар занбӯруғҳои олиташаккул раванди ҷинсии гаметангиогамия, соматогамия, автогамия ба мушоҳида мерасад. Дар рустаниҳои лучтухм ва пӯшидатухм бордоршавӣ дар натиҷаи гардолуд шудан ба амал меояд. Рустаниҳои пӯшидатухм гул ва мева ҳосил мекунанд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш