Борис Воронсов-Веляминов

Бори́с Алекса́ндрович Воронсо́в-Велями́нов (14 феврали 1904, Екатеринослав — 27 январи 1994, Маскав) — ахтаршинос, омӯзгор ва таърихшиноси шӯравӣ, дар оммавӣ гардонидани илм саҳми арзанда гузоштааст. Ходими хидматнишондодаи илми ҶШФСР. Узви вобастаи АИ педагогии ИҶШС (1940).

Борис Воронсов-Веляминов
Таърихи таваллуд 14 феврал 1904(1904-02-14)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 январ 1994(1994-01-27) (89 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ ва ахтарфизик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Маскав (1925). Аз соли 1924 дар Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберг (то 1931 Институти астрофизика) кор кардааст, профессор Донишгоҳи давлатии Маскав (аз соли 1934). Таҳқиқоти ӯ ба омӯзиши ситораҳои ғайрисобит, туманот, галактикаҳо ва зузанабҳо бахшида шудаанд. В. мавҷудияти ҳодисаи фурӯбариро дар муҳити байниситоравӣ ва гардиши ҳаставии зузанабҳо (1930) исбот карда, усулҳои муайян кардани масофаҳоро то туманоти сайёраҳо пешниҳод намуд (1933); 1200 системаи галактикаҳои шакл ва сохторашон нодирро кашф карда, онҳоро «галактикаҳои дорои таъсири мутақобила» ном гузошт (ду атласи аксҳои ин галактикаҳо солҳои 1959 ва 1977 ба чоп расидаанд). Солҳои 1961–74 якҷо бо ҳамкоронаш морфологияи тавсифоташон ҷузъии 32000 галактикаро чоп кард. Муаллифи бисёр монография ва китобҳои дарсӣ оид ба астрономия.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ҷоизаи Ф. А. Бредихин (1977), медали «Барои кашфи ҷирмҳои осмонӣ» (1979) ва медали Ю. А. Гагарин сарфароз гардидааст.

  • Новые звёзды и галактические туманности. М.–Л., 1935;
  • Газовые туманности и новые звёзды. М.–Л., 1948;
  • Очерки истории астрономии в России, М., 1956;
  • Очерки истории астрономии в СССР, М., 1960;
  • Внегалактическая астрономия, М., 1978;
  • Очерки о Вселенной, М., 1980.

Сарчашма

вироиш
  • Воронсов-Веляминов Борис Александрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.