Бори амонат (форсӣ: بار امانت‎), амонати раббонӣ, амонати рубубият — истеъдоди фитрӣ ва худодод, ки одамӣ ба туфайли он ба мартабаи баланди камолот, аз ҷумла шинохт ва дӯстии Худованд расад.

Манбаи бори амонат «ояти амонат» (Қуръон: 33:72) ба шумор меравад: «Мо ин амонатро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза доштем, пас аз бардошти он бознишастанд ва аз он тарсиданд ва одамӣ онро бардошт, ҳамоно ӯ ситамгори нодон буд». Дар тафсири ояти мазкур овардаанд, ки инсон аз чигунагии амонат ва фоидаҳои он суол кард ва чун посух гирифт, ки барои адои он подош меёбад ва барои радди он уқубат, онро пазируфт, аммо саранҷом дар адои он хиёнат кард ва маълум гашт, ки ӯ бар нафси худ ситамгор ва ба амри илоҳӣ нодон аст. Ситамгорӣ ва нодонии инсон гуногун таъбир шудааст. Чунончи, орифон инро боиси таъни инсон не, балки мадҳ ва ситоиши ӯ арзёбӣ карда, иброз доштаанд, ки ҳомили бори амонат мебоист бар нафси худ ситамгор мебуд, аз лаззатҳо, нозу неъматҳо ва хоҳишу орзуҳо худдорӣ мекард ва нодон мебуд, ба он маъно, ки ғайри Ҳақро намедонисту намешинохт, то метавонист, ки бори гарони амонати раббониро бардорад.

Тафсири «амонат» аз ҷониби бештари уламо ҷанбаи ибодатӣ ва ё маънои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ дорад. Машҳуртарин таъбирҳои уламои дин аз ин калима тафсири он ба маънои дин, ҳудуд, таклифҳои шаръӣ ва фароизи динӣ, амру наҳйи Худованд аст. Тафсири «амонат» ба маънои нигоҳ доштани фарҷ аз ҳаром, канораҷӯӣ аз фисқу фуҷур, дорои ҷанбаи ахлоқӣ; тафсири «амонат» ба маънои адолат ва адл дорои ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад.

Аз дидгоҳи ирфонӣ танҳо инсон бори амонат-ро бардошта метавонист; ба ҳамин хотир ӯ камол ёфта, аз ҳамаи мавҷудоти коинот баргузида шуд, ба марҳалаи шинохту маърифат расид ва ба ҷомеияти асмову сифоти илоҳӣ даст ёфт. Инсони нотавон бори амонат-ро, ки ҳатто фариштагон аз бардоштанаш саркашӣ карданд, ба лутфи Ҳақ ва бо ҳиммати худ бардошт. Ҳамин амр сабаби фазилати ӯ бар фариштагон ва тамоми офаридагон гардид. Ба андешаи Майбудӣ сабаби бори амонат-ро бардоштани «одамизоди пӯсте дар устухоне кашида» бебокию мардонагӣ, ҳиммат ва соҳиби дил будани ӯст. Осмон ва Замин ба бузургии бор нигариста, аз бардоштани он сар во заданд, аммо инсон ба каримии ниҳандаи амонат нигарист. Бори амонат каримон ба ҳиммат кашанд, на ба қувват".

Ба таври куллӣ дар бузургии шаъни бори амонат уламои дин ва орифон иттифоқи назар доранд, аммо дар фаҳмиши моҳияти ин таъбир, мақом ва мавқеияти инсон дар мавриди он дидгоҳҳои онҳо мухталиф ва баъзан комилан мухолиф будаанд. Орифон низ дар бисёр мавридҳо амонатро шомили ҳамон маъноҳо (воҷибот ва фароизи динӣ, амру наҳйи илоҳӣ) донистаанд. Ҳатто таъбири ирфонии амонат ба маънои сирри тавҳид ё асрори илоҳӣ ва нури муҳаммадӣ бо тафсирҳои уламо мутобиқат дорад. Ихтилофи назари ҷаҳонбинии ирфонӣ ва уламо дар масъалаи амонат дар мавриди дидгоҳҳои хосси инсоншиносии онҳо намоён мегардад. Аз дидгоҳи орифон инсон ба амонат хиёнат накарда, балки бори амонат-ро бар дӯш дорад, ки худ нишонаи бузургию азамати шаъни инсон аст. Чунин дидгоҳ аз назари баъзе уламои дин дар ин масъала ба куллӣ тафовут дорад.

Назди бисёр орифон, хусусан Ибни Арабӣ ва пайравонаш, амонат ҳамчун ишқ тафсир шудааст. Ишқ омили пайдоиши ҷаҳон ва сабаби зуҳури сурати унсурии инсоне аст, ки ҷомеи ҷамии сифот ва асмои ҷалолӣ ва ҷамолӣ буда, онро метавон ба ҳайси мазҳарияти камол ва ҷомеияти сурати инсонӣ таъбир кард. Яъне, на ҳама гуна инсон шоистаи бардошти бори амонат аст, балки он хосси тоифаи махсуси инсонҳост: инсони халифа ё инсони комил, ки анбиёву авлиё аз он ҷумлаанд. Аз нигоҳи гурӯҳе аз суфиён, азбаски яке аз хосиятҳои ишқ бало аст, пас, он низ амонати раббонист. Ҳофизи Шерозӣ дар ғазале бо истифода аз санъати талмеҳ ба бори амонат ишора кардааст:

Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш