Борнома
Борнома, коносамент (фр. le connaissement; англ. bill of lading, B/L, BOL) — ҳуҷҷати стандартӣ, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бор кардану кашондан ва гирифтани мол (бор) ҳуқуқ медиҳад.
Борнома барои роҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Он коғази қиматнок буда, ҳуқуқи дар ихтиёр доштану кашондани борро тасдиқ менамояд. Ба борнома ҳатман ҳуҷҷати суғуртаи бор ҳамроҳ карда мешавад. Ба он ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ (ҳифзу нигоҳдории бор, қайдҳои гумрук ва ғ.)-ро низ илова кардан мумкин аст. Дар боррнома ворид сохтани тағйирот имкон надорад. Реквизитҳои асосии борнома: номи ҳомили бор (киштӣ, поезд, фура); номи фирмаи боркаш; ҷойи қабули бор; номи борфирист; боргир; номи бор ва тавсифи асосии он; вақт ва ҷойи дода шудани борнома; имзои масъули ҳамл.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Борнома // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.