Борпӯш — навъе аз ҷиҳози арӯс, намуди санъати ороиши амалӣ.

Борпӯш порчаи калони гулдӯзӣ ё сӯзанӣ аст, ки маъмулан барои рӯпӯшии тахти кӯрпаву болишти навхонадорон таҳия карда мешавад. Пас аз он ки арӯсро ба хонаи домод меоранд, қисме аз бисоти арӯсии ӯ, мисли кӯрпа, кӯрпача, болишт ба болои сандуқи ҷашнӣ (тӯйӣ) ба тартиб тахт зада ва болои ин «тахти бисот» Борпӯш кашида мешавад. Борпӯш бо нақшу нигор ва гулдӯзӣ ба сӯзанӣ монандӣ дорад, вале онро махсус барои пӯшондани сандуқ ва ҷиҳози болои он тахтшуда медӯзанд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борпӯшро се рӯз рӯйи болини арӯсу домод густарда, пас аз гузаштани маросими ҷоғундорон бо он болои рахти кӯрпаҳои арӯсро мепӯшонанд. Борпӯш аз чаҳор гӯша гулдӯзӣ мешавад, астари онро маҳину реза бахядӯзӣ мекунанд, ба ҳошияи он давродавр матои сиёҳ медӯзанд. Борпӯшро дар гузашта дастӣ гулдӯзӣ мекарданд, ҳоло он бо мошини дарздӯзӣ низ дӯхта мешавад. Борпӯш аз лиҳози гулкорию нақшу нигор анвои гуногун дорад ва дар радифи чодар, сӯзанӣ, сардеворӣ ва ғ. ҷиҳози ороишии хонаи домоду арӯс ба шумор меравад. Ғолибан навхонадорон навъҳои дилхоҳи худро ба дӯзандаҳо фармоиш медиҳанд.

Адабиёт

вироиш