Бор — пазироӣ, қабул, маросими қабул ва пазироӣ дар дарбори шоҳони ориёӣ, ки дар он ҳадияҳо ва пешниҳоду дархости хоссу ом аз ҷониби шоҳ пазируфта мешуд. Ҳамчунин ба шахсони борёб, яъне касони аз ҷониби шоҳ пазируфташуда, ҳадияҳо тақдим мегардид.

Бӯсаи адаби яке аз меҳмонон ба назди Дориюши Бузург.

Таърих

вироиш

Маросими бор таърихи тӯлонӣ дорад ва аз кишвар ба кишваре гузашта, дар дарбори фиръавнҳои Миср ва подшоҳони Ошур низ маъмул шуда буд. Баъдан маросими бор ба императорони Рум, Аврупои асрҳои миёна, Хилофати араб ва шоҳони Ҳинд низ таъсир расонд. Дар тӯли таърихи давлатдории минтақаҳои Эрон ва Осиёи Марказӣ, ки тоҷикон ва форисзабонон дар он ҷо нуфуз доштанд, маросими бор давра ба давра инкишоф меёфт. Бор ва борёбӣ дар дарбори подшоҳони сулолаи Пешдодиён ва Каёниён падид омада, дар аҳди Ҳахоманишиён зери таъсири тамаддуни ориёӣ пайваста баргузор мегардид. Дар боқимондаҳои тасвироти Тахти Ҷамшед маросими бор дар дарбори Дориюш инъикос ёфтааст. Барои бор ёфтан ба дарбори шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ талабгорон аз ҳар минтақаву мартаба ва ҳар ду ҷинс буданд. Тибқи таомул борёб бояд аввал аз раиси ташрифот иҷозати пазироӣ мегирифт. Соҳиби мансаби ташрифотӣ маъмулан аз мақомоти лашкариён табақаи ашроф ва ё аз хешовандони шоҳ буданд. Дар давраи Ҳахоманишиён ин вазифаро фармондеҳи муҳофизони шоҳ, ки онро ҳазорапатӣ (hazārapati) мегуфтанд, бар дӯш дошт. Дар замони Сосониён онро ҳандемонгарон солор (hadēmāngarān sālār) меномиданд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ин мақомро «Солори бор» ва «Пардадор» гуфтааст.

Тарзи баргузории маросими бор чунин буд: раиси ташрифоти дарбори шоҳ маросими маъмули борро ба борёб шарҳ медод ва рӯзи пазириш ӯро то ҳузури шоҳ ҳамроҳӣ мекард. Шоҳ бо либоси фохир, зеварҳои салтанатӣ, кулоҳи «кидарис» (kidaris) бар сар, асои салтанатии баланде дар дасти рост, гули нилуфарӣ дар дасти чап, бар тахте, ки такяпушти баланд дошт, менишаст. Хидматгорон ва муҳофизони шахсии шоҳ дар пушти сари ӯ меистоданд. Дар тасвири барҷастаи Тахти Чамшед, ки дар он бор додани Дориюш инъикос ёфтааст, валиаҳди ӯ Хишоёршоҳ низ бо симои ороста дар тарафи рости падараш истода, дар дасти чапаш барги нилуфарӣ дорад.

Дар маросими бор дар давраҳои баъдӣ мақомоти расмии дарбори шоҳ низ ширкат меварзиданд. Дар бор тарзи ҷойгиршавӣ ва нишастани наздикони шоҳ аҳаммияти вижае дошт. Мас., мақоми шахсони дар самти рости шоҳ нишаста назар ба шахсони самти чап муҳимтар буд.

Дар даврони Сосониён шоҳ рӯйи тахти зарине менишаст ва тоҷи салтанатӣ тавассути занҷире болои сари шоҳ овезон буда, гӯё бар сари шоҳ мерасид. Ҳангоми баргузории маросими бор дар даробари Сосониён пардае миёни шоҳ ва борёб овезон буд. Пас аз он ки борёб ба маҳалли таъйини шоҳ мерасид, пардаро канор мезаданд. Борёб вазифадор буд, ки ба маҳзи дидани рӯйи подшоҳ заминро бибӯсад. Дертар бӯсидани пойгоҳи тахт ё дасту ангуштарини шоҳ одат шуд. Пас аз бӯсидани замин шоҳ ба борёбанда дастури бархостан ва сипас савол медод. Посухи борёб бо калимоти «ҷовидон бошед» ва гоҳе «комёб бошед» шурӯъ мешуд. Дар замонҳои баъдӣ зикри дуое чун «зиндагонии худованд дароз бод!» маъмул гардид.

Дар замони Ҳахоманишиён борёб ҳангоми бо шоҳ сухан гуфтан бояд дасти худро пеши даҳонаш мегирифт, дар давраи Сосониён дастмолеро нигоҳ медошт. Ҳамчунин вазифадор буд, ки дар вақти бо подшоҳ сухан гуфтан даст рӯйи сина гузорад. Аз рӯйи одат касе бидуни иҷозати шоҳ сухан намегуфт. Дар ҳузури шоҳ ба зиёдагӯӣ, бадгӯӣ, газофгӯӣ, хандидан, оби даҳон андохтан, бинӣ кашидан иҷозат набуд. Дар даврони пеш аз истилои араб занҳо низ ҳаққи борхоҳӣ ва борёбӣ доштанд. Дар тасвири рӯйи зарфҳое, ки марбути замони Сосониёнанд, малика низ дар канори шоҳ ҳузур дорад.

Тибқи расму ойин борёб ҳангоми тарки толор бояд масофаеро паснокӣ мерафт, то ба шоҳ пушти худро нагардонад. Дар маросими борёбӣ бегонагоне, ки забони кишварро намедонистанд, бо тарҷумон меомаданд, ки дар ин бора таърихнигори юнонӣ Плутарх ишора кардааст.

Ҳангоми бор додан, одат будааст, ки шахси ба ҳузури шоҳ омада ба ӯ ҳадияе тақдим намояд ва аз шоҳ атое бигирад. Ин ойинро волиёни вилоятҳо ва фиристодагони шоҳони кишварҳои дигар низ риоя мекарданд. Баъзан ҳадияҳои рӯзи борёбиро дар ҳузури бороварандаи волотабор барои боздиди ҳамагон қарор медоданд. Сипас подошро ба толори пазироӣ назди шоҳ мебурданд. Маросими бор маъмулан дар толори кохи пазироӣ, вале ҳангоми баҳору тобистон дар кохи боғи салтанатӣ баргузор мегардид. Дар ин ҳолат тоҷу тахтро ба боғ мебурданд ва соябоне барпо мекарданд. Барои маросими бор дар даврони Ҳахоманишиён толори Оподоно ва дар давраи Сосониён толорҳои кохи Хусрав истифода мешуд.

Тибқи иттилои манобеи таърихӣ бори шоҳӣ ду навъ буд: яке «бори хос» ном дошт, ки барои аз ҷониби шоҳ пазируфтани кормандони давлатии кишвар, амирону сафирони кишварҳои хориҷӣ ва ё баррасии масоили давлатӣ баргузор мешуд; дигаре «бори ом» ном дошт, ки барои ба ҳузур пазируфтани мардум буд. борҳои хосса, ки дар ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон ё ҳангоми борёфти фиристодагони кишварҳои хориҷӣ баргузор мешуд, хеле боҳишмату мутантан мегузашт. Дар маросимҳои Наврӯз ва Меҳргон шоҳ панҷ рӯзи аввали ин ҷашнро ба бори ом медод ва баъдан дар рӯзи шашум ба таври ҷудогона бори хосси кормандони давлатӣ, ашроф ва аъзои хонадони салтанатӣ оғоз мешуд. Тавре ки Абурайҳони Берунӣ ёдовар шудааст, ашроф ҳаққи ширкат дар «бори ом» надоштанд.

Яке аз вазифаҳои асосии шоҳ дар борҳои ом ва хос гӯш додан ба шикоят буд, чунки мардум шоҳро охирин марҳалаи қонунии ба додашон ҷавобдиҳанда медонистанд. Шоҳ метавонист ҳуқуқеро, ки маъмурон ва дарбориён поймол карда буданд, барқарор намояд. Аз ин ҷиҳат дар назари мардум пазироии подшоҳ барои «бори ом» меъёри адли ӯ буд. Подшоҳе, ки зиёд бори ом медод, фармонравои одил буд ва оне, ки ба нудрат бори ом медод, бедодгар шумурда мешуд.

Барои эҳтиёт подшоҳ метавонист кормандонеро, ки аз болои онҳо шикоят мерафт, барканор кунад. Ё эълон мекард, ки додхоҳон либоси сурх ба тан кунанд то таваҷҷуҳи шоҳ ба сӯйи онон ҷалб шавад ва он гоҳ дар майдони беруни кох худи шоҳ бори ом бидиҳад. Дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои подшоҳон, халифаҳо, султонҳо, амирон бор додан бахши муҳимме аз ташрифоти дарбор ва идораи давлат будааст. Дар дарбори халифаҳои араб, ки ойини борро аз эрониён пазируфтаанд, бӯсидани замин иҷборӣ набуд ва кофӣ буд, ки борёб бигӯяд: «Ассалому алайка ё амиралмуъминин ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ». Баъдҳо бӯсидани замин одат шуд, ки ин ойин дар дарбори халифаҳои умавӣ ва аббосӣ ба тақлид аз Сосониён адо мегардид.

Дар маросими бордиҳии дарбори Элхони муғул ва Темуриён занҳо, аз ҷумла модар, ҳамсарон ва духтарони подшоҳ дар тантанаи пазироӣ ширкат мекарданд. Ҳар кадоме мувофиқи вазифа ва мартаба дар канор ё пушти сари шоҳ меистоданд, ё менишастанд. Ҳамин тавр маросими бор дар замони Аббосиён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Темуриён, Сафавиён, Аштархониён, Манғитиён ва дигарон бо номҳои гуногун, аз ҷумла бо номи маҷлис, қабул ва ғ. вуҷуд дошт. Ҳангоми баргузории маросими бор, бахусус дар ҷашнҳо, толори дарбор, қаср ва ё кохи подшоҳ бо пардаҳои рангоранг, тасвирҳои размию базмӣ, гулу чароғҳо, дарахтҳои маснӯӣ бо баргҳои мевадор, парандаҳо ва монанди ин ороиш дода мешуд. Дар раванди баргузории маросими бор муҳофизони мусаллаҳ ва сарбозони махсуси шоҳ бо либосҳои зебо дар дарун ва беруни толор саф мекашиданд. Баъзан шер, паланг, бабр, асп, шутур, фил ва парандаҳоро бо асбобу анҷоми зарин дар беруни қаср ба намоиш мегузоштанд.

Маросими бор, дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, чун мероси ниёгон дар шакли маҷлисҳои махсус то кунун баргузор мегардад. Дар он Президенти кишвари Тоҷикистон бо зиёиён, ҳокимони минтақавӣ, раисони ширкату муассисаҳо, шахсиятҳои маъруф ва ғ. суҳбат карда, дар мавридҳои муносиб ба шахсони сазовор ҷоизаҳо ва дигар подошҳои давлатӣ тақдим менамояд.

Адабиёт

вироиш