Босит
Босит, ал-Босит (ар. الباسط — густаранда ва паҳнкунанда) — яке аз номҳои Худованд. Дар фарҳанги истилоҳоти шаръӣ Босит ҳамроҳ бо калимаи Қобиз якҷо (القابض الباسط) барои ифодаи қабзу баст, кашишу кушоиш ва бахшишу маҳрумият дар ҳама чизи моддӣ ва маънавӣ ба кор рафтааст.
Корбасти ин маъно аз сӯи Қуръони карим дар сифоти Худованд тамоми паҳнои зиндагонии инсон ва сар то сари офариниш: қабзу басти зиндагӣ, тангию фарохии ризқ, кушодагӣ ва тангии мулк, густардани абр дар осмон, паҳн ва ба ҳам печидани соя ва ғайраро дар бар мегирад. «Ва Худо қабзу баст (тангию кушоиш) мебахшад ва ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед» (2:245); «Худо ризқро барои касе бихоҳад, баст медиҳад ва (барои касе бихоҳад) танг месозад» (13:26); «… пас (Худо) абрҳоро чӣ гунае бихоҳад, дар осмон паҳн месозад» (30:48); «Оё надидӣ, ки Парвардгорат чӣ гуна сояро густаронида ва агар мехост, онро сокин мегардонд. Он гоҳ Офтобро далеле бар он гардонидем, сипас онро ба сӯи худ бо нармӣ қабз (ҷамъ) намудем» (25: 45-46).
Вожаи Босит дар Қуръони бо муштаққоти феълӣ зикр шуда ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ — «Сунан»-и Тирмизӣ (3507), «Сунан»-и Ибни Моҷа (3861), «Мустадрак»-и Ҳоким ва «Фатҳулборӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил омадааст.
Дар фарҳанги номгузории исломӣ вожаи абд — банда (عبد) бо изофа ба яке аз номҳои Худованд аз ибтидои зуҳури дини мубини ислом маъмул гаштааст ва номҳое, ба монанди Абдулбосит, Абдулботин, Абдуссамад, Абдуллоҳ ва ғайра аз номҳои табаррук ва маъруф ба шумор мераванд. Таҷаллии осори номи мураккаби Қобиз ва Босити Худованд дар ҳаёти муъмин дар қолаби сабру бурдборӣ дар баробари сахтиҳо, таваккул ва тафвизи тамоми умур ба сӯи Худо ба намоиш дар меояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Босит / А. Боқизода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.