Боязиди Баёт
Боязиди Баёт (форсӣ: بایزید بیات[1]; ? — қарни XVI) — таърихнигор ва давлтамарди форс-тоҷики дарбори Темуриёни Ҳинд, бародари Баҳром Саққоии Бухороӣ.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Бухоро. Бинобар таҳаввулоти воқеаҳои сиёсии Мовароуннаҳр ба Машҳад сафар карда, дар мадрасаи он ҷо ба таҳсили илм пардохт. Боязиди Баёт дар Гардез ба хидмати шоҳзода Комрон Мирзо ворид гардида, муддате Ҳукумати Гардез, Нағаз ва Бангашро ба уҳда дошт. Дар пайи қиёми Шершоҳи Сурӣ (1539—1540) Боязиди Баёт дар Зинҷон бо Ҳумоюн мулоқот карда, яке аз мулозимони ӯ гардид. Соли 1545 дар лашкаркашии Ҳумоюн ба Қандаҳор ва фатҳи шаҳр иштирок намуда, ҳамроҳи Байрамхон ба ҳайси сафир ба Кобул назди Комрон Мирзо — бародари модарҷудои Ҳумоюн фиристода шуд. Пас аз фавти Ҳумоюн (1556) ба дарбори Акбар ворид шуда, ба вазифаи баковулӣ таъйин гардид. Баъдан бо ёрии Абулфазли Алломӣ ба мансаби фармондеҳи воҳиди сесаднафарӣ баргумошта шуд. Худи Акбар ба Боязиди Баёт унвони «султонӣ» лоиқ доииста, бо пешниҳоди Байрамхон идораи шаҳри Банорасро ба ӯ вогузошт. Боязиди Баёт дар ин шаҳр ба ҷойи маъбади харобгардидаи Ҳиндувон мадрасае сохт, ки ин амр хилофи сиёсати «Дини илоҳӣ» буда ва сабаби норозигии Акбар гардид. Бинобар ин Боязиди Баёт аз дарбор дур гардида, 4 сол гӯшанишин шуд. Баъдан дубора ба дарбор ҷалб гардида, аз нав ба мансаби худ таъйин шуд. Соли 1575 роҳи зиёрати Каъбаро пеш гирифт, вале дар бандари Сурот ба иттиҳоме маҳкум гардида, танҳо баъди ду сол ба Макка расид. Ӯ азм дошт, ки то лаҳзаҳои охири умр он ҷо бимонад, аммо пас аз истиқомати 3-сола дар Макка, хабари ба асорати португалиҳо афтодани зану фарзанд ва наздикон Боязиди Баётро водор намуд, ки дубора ба Ҳинд (1582) баргардад. Баъди бозгашт дубора ба дарбор ҷалб гардид. Акбаршоҳ бо мақсади гирдоварии воқеаҳои давраи ҳукмронии падараш фармоне бароварда буд, ки мансабдороне, ки аз рӯзгори Ҳумоюн хотирае доранд, онро бинависанд. Абулфазли Алломӣ тибқи дастур ба Боязиди Баёт супориш дод, ки хотироти худро таҳия намояд. Боязиди Баёт дар Лоҳур аз сабаби пирӣ ва бемории фалаҷ хотироти худро ба котиби дарбори Акбар имло карда, дар шакли тазкирае бо номи «Ҳумоюн ва Акбар» (1591) фароҳам овард. Боязиди Баёт ҳамчун таърихнигор, ки шоҳиди бевоситаи лашкаркашиҳои Ҳумоюн буд, китобро дар 4 фасл таълиф намуд. Дар навиштани хотироти худ баъзе санадҳо ва номаҳои шахсиашро низ истифода кард, ки дар омӯзиши ҳодисаҳои забти Кобул, ҷангҳои Ҳумоюн ва Шершоҳи Сурӣ арзиши баланди илмӣ доранд. Ҳодисаҳои 13-солаи рӯзгори Хумоюн (аз соли 1542 то соли 1555) ва воқеаҳои давраи ҳукмронии Акбар (то соли 1591) дар ин асар ба таври воқеъбинона дарҷ гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ بایزید بیات. دایره المعارف بزرگ اسلامی.
Адабиёт
вироиш- Боязиди Баёт / Ф. Маҳмадуллоев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.