Боғи Ирам
Гулзори Ирам, Боғи Ирам, Гулистони Ирам, Бӯстони Ирам, Ирами Шаддод, Ирамазоталимод (Қуръон, сураи Фаҷр, ояи 7) — яке аз образҳои маъмулӣ ва серистифода дар адабиёти форс-тоҷик, ки маъниҳои мармузи боғи мусаффо, манзили роҳатафзо, кишвари ободон, биҳишти мавъуд ва мазҳари тамомияту камоли зебоиро ифода мекунад. Ин образ аз қиссаву ривоятҳои таърихӣ, динӣ ва адабии мардуми соминажод маншаъ гирифтааст.
Ривоят
вироишМутобиқи қиссаву ривоятҳои мазкур Боғи Ирам — Боғ ё боғшаҳр, ҳисоре будааст, ки малике бо номи Шаддод ибни Од дар Арабистони Ҷанубӣ байни шаҳрҳои Санъо ва Ҳазармавт, ё дар Димишқ, дар баъзе манбаъҳо Яман низ гуфтаанд, бино карда буд. Масоҳати Боғи Ирам 12 х 12 фарсанг, иртифои девораш 300 газ будааст. Шаддод барои эъмори ин боғ мардумро 500 сол кор фармудааст. Дару деворҳо, хонаҳои ин ҳисор қасрҳои дохили он ҳама бо симу зар, ёқуту зумуррад, ҷавоҳирот ва ғ. музайян гардида буданд; наҳрҳои гуворову дарахтони боровар дошт. Сохтмони Боғи Ирам ба охир расид, вале Шаддод ба он ворид нагардида вафот кард. Баъд аз ин Боғи Ирам аз назарҳо ғоиб шуд ва баъзан гӯё ба чашми баъзеҳо дар биёбон аён мегаштааст. Дар қиссаву ривоёт, достонҳои мардуми эронинажод Вари Ҷамкард, шаҳри ободкардаи Сиёвуш (Сиёвушгард), қасри дар зери кӯҳ сохтаи Афросиёб ҳаммонанди Боғи Ирам мебошанд. Дар ин навъ боғҳо, ҳисорҳо, шаҳрҳо орзуву омоли мардум оид ба кишвари хаёлии ободу зебо, минтақаҳои баробариву бародарӣ ва ғайра ифода ёфтааст.
Дар адбиёт
вироишБа сабили талмеҳ суханварони форсизабон дар ашъорашон ба Боғи Ирам ишора кардаанд:
Аз абр андаромад ба ҳангоми ғам,
Ҷаҳон шуд ба кирдори Боғи Ирам.Абулқосим Фирдавсӣ
Роғ ба боғ андарун чун алам андар алам,
Боғ ба роғ андарун чун Ирам андар Ирам.Фаррухии Сиистонӣ
Ганҷи дониш доим аз баҳри дилат пургавҳар аст,
Боғи табъи аҳли фазлат гашт чун Боғи Ирам.Масъуди Саъди Салмон
Сӯйи мо дорад хиром он рашки Гулзори Ирам,
Гулшани моро бувад имрӯз баргу бор сурх.Туғрали Аҳрорӣ
Адабиёт
вироиш- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. М., 1969
Сарчашма
вироиш- Боғи Ирам / А. Афсаҳзод, А. Раҳмонфар // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.