Боғи Рӯдакӣ
Боғи устод Рӯдакӣ — нахустин боғи фарҳангию фароғатии Тоҷикистон, ки соли 1932 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 18,3 гектар мебошад.
Таърихи таъсис | 1933 |
---|---|
Номи расмӣ | Боғи марказии Рӯдакӣ |
Кишвар | |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Душанбе[1] |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишБоғ соли 1933 аз рӯи лоиҳаи меъморони шаҳри Ленинград М. Баранов ва Н. Баранов бунёд шуда буд. Дар маркази боғи марказии фароғат ва истироҳат нусхаи биринҷии ҳайкали В. И. Ленин, ки назди Институти Смолнийи шаҳри Ленинград вокеъ аст, ба Душанбе оварда гузошта шуд. Бинобар ин, дар замони шӯравӣ боғи марказии фароғат ва истироҳати шаҳри Душанбе ба номи В. И. Ленин номида шуда буд[2].
Соли 1994 Боғи марказии фарҳангу фароғат ва соли 2008 «Боғи устод Рӯдакӣ» ном гирифт. «Боғи устод Рӯдакӣ» аз нахустин рӯзҳои таъсис дорои толори хониш, бунгоҳи техникҳои ҷавон, хонаи варзиш, кинотеатри тобистона, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол, куштӣ ва ғ. буд. Ҳамзамон дар боғ дастаҳои драмаву хор ва мусиқиву рақс ҳунарнамоӣ мекарданд. Театри тобистона дошт, ки дар саҳнаи он гурӯҳҳои ҳунарӣ аз пойтахт, вилоятҳо, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз диг. ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ консертҳо намоиш медоданд; донишмандону шахсиятҳои маъруф бо мардум мулоқот мекарданд. Боғ то соли 2008 7, 5 га масоҳат дошт. Соли 2008 ба таври куллӣ бозсозӣ шуд ва ба як истироҳатгоҳи сарсабзу гуворо бадал гашт. «Боғи устод Рӯдакӣ» дорои 1840 бех дарахтони ороишӣ, 4105 м2 гулгаштҳо, 8661 м2 чаманзор, 42667 м2 роҳраву ҷодаҳо мебошад. Дар маркази боғ ҳайкали сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст, ки дар пояи он намоишҳои ҳунарӣ, мулоқоту дидорҳо бо донишмандону соҳибназарон баргузор мегарданд. Дар боғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ 41 ҳавзу фаввора эъмор шудааст, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Боғи устод Рӯдакӣ / А. Раҳмонқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.