«Боғи Шаҳриёр» — суруди қадимии аҳди Сосониён, ки ба таснифоти Борбади Марвӣ мансуб аст. «Боғи Шаҳриёр» суруди базмии муфарраҳ буда, мусанниф онро ба шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (ҳукмр. 590–623) бахшидааст. Он яке аз сурудҳои силсилаи «Хусравонӣ» ба шумор рафта, ба маҷмӯаи сӣ лаҳни барои рӯзҳои сол эҷодкардаи Борбад дохил аст.

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Раджабов А. Борбад: эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010;
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д., 2011.

Сарчашма

вироиш