Боғи Ширин
«Боғи Ширин» — суруди қадимии аҳди Сосониён, ки Борбади Марвӣ бахшида ба маҳбубаи шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз – Ширин эҷод кардааст.
«Боғи Ширин» суруди шӯху муфарраҳи базмӣ буда, ба силсилаи «Хусравонӣ» дохил аст. Он низ яке аз сӣ лаҳни ба рӯзҳои сол эҷодкардаи Борбад мебошад. Дар «Боғи Ширин» зебоӣ ва назокати боғе, ки дар он Ширин сайр мекардааст, инчунин хушрӯию латофати он илоҳаи ҳусн баён гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Раджабов А. Борбад: эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д., 2011.
Сарчашма
вироиш- Боғи Ширин / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.