Боғи боғбон
«Боғи боғбон» — бозии халқии бачагонаи тоҷик.
Қоидаҳо
вироишШиркаткунандагони «Боғи боғбон» дасти якдигарро гирифта, мисли камон паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар сардор дар ду тарафи нимдавра ҷой мегиранд ва як занҷирае ба вуҷуд меояд. Байни сардорҳо муколама сурат мегирад:
- Сардори якум: Боғи боғбон?
- Сардори дуюм: Ҷони боғбон.
- Сардори якум: Ангурако пухтак?
- Сардори дуюм: Ниму намкола.
- Сардори якум: Чаро саракои калонаша хӯрдӣ, майдаша ба ман мондӣ?
- Сардори дуюм: Дар сари санг мондам, зоғако хӯрдандаш.
- Сардори якум: Ку раҳи гулзор, ку раҳи хорзор?
- Сардори дуюм: Ина раҳи гулзор, ина раҳи хорзор, чилингу чилинг (ҷаҳиду ҷаҳид) дар пой хор зад.
- Сардори якум занҷираи бачаҳоро аз пайи худ кашида, аз зери дасти сардори дуюм ва бачаи дар паҳлуи ӯ буда мегузарад.
Дар натиҷа шахси охир дар занҷира маҳкам шуда, пушт ба бозигарон ва дастҳояш пеши бар ба мисли салиб ноҷунбон мемонад. Сардори якум занҷираи бачагонро аз қафои худ кашида, ба ҷойи худ бармегардад. Бозӣ идома меёбад, боз мисли дафъаи якум муколама сурат мегирад ва аз зери дасти якдигар мегузаранд ва боз яке аз онҳо дастбаста мешавад. Ҳамин тариқ бозӣ то лаҳзае давом меёбад, ки ғайр аз сардорҳо дигар ҳамаи бозигарон дастбаста мешаванд. Баъди ин сардорҳо ду тоқиро ба замин дар масофаи ду метр аз ҳамдигар мегузоранд. Сардорҳо қаблан байни худ машварат мекунанд, ки шартан як тоқӣ «роҳи банд» ва тоқии дигар «роҳи шиғ» (роҳи боз) ҳисоб шавад. Баъд сардорҳо ҳар як бозигарро аз дасташ дошта ба назди тоқиҳо мебаранд. Бозигар яке аз тоқиҳоро интихоб карда, дар назди он меистад. Ҳамин тавр бачагон ба ду даста тақсим мешаванд. Дар охир сардорҳо гурӯҳи марбут ба тоқии «роҳи шиғ»-ро озод (ғолиб) эълон мекунанд ва занҷираи онҳо пароканда мешавад. Гурӯҳи дигари марбут ба «роҳи банд» чанд муддат даст ба даст гирифта занҷираро нигоҳ медорад ва мағлуб ҳисоб меёбад.
Ин бозӣ дар водии Қаротегину Дарвоз бо номи «Зардолупазак» ва дар Ванҷ бо номи «Лаббай-лаббай» низ маъруф аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Таджики Каратегина и Дарваза. Вып. 3. Д., 1976.
Сарчашма
вироиш- Боғи боғбон / Д. Раҳимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.