Унсури холии Викидода

«Боғи маонӣ» — тазкираест аз таълифоти Нақши Алӣ ном шахс, ки дар Ҳиндустон таълифаш соли 1760/61 шурӯъ шуда, соли 1776 ба анҷом расидааст. Аз ин тазкира нусхаҳои дастнависи ноқис, танҳо ҷ-ҳои 2 ва 3 боқӣ мондаанд. Аз бахшҳои боқимондаи асар бармеояд, ки он зиндагӣ ва осори шоирони гузашта (аз оғози адабиёти форсии дарӣ) ва муосири муаллифро дар бар мегирифтааст. Тақсимбандии пораҳо (фаслҳо)-и тазкира «чаман» ном доранд. Ному насаби шоирон мутобиқи алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ омадааст. Шарҳи ҳоли шоирон ва намунаҳои ашъорашон мухтасаран дода шудааст. Фаслҳои шашуму ҳафтуми ҷ. 3 шарҳи ҳолу намунаҳои осори шоирони садаҳои 15-18-ро, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардаанд, дар бар мегирад. Дар баъзе фаслҳои тазкира аз подшоҳону вазироне сухан меравад, ки ба шеъру шоирӣ майл доштаанд. «Боғи Маонӣ» барои омӯхтани адабиёти форсизабони Ҳиндустон (садаҳои 15-18) арзишманд аст.

Сарчашма

вироиш