Боғи Ғалаба — боғ ва маҷмааи меъмориву ҳайкалтарошии ёдгорӣ дар теппаҳои шарқии шаҳри Душанбе.

Боғ ва маҷмааи меъмориву ҳайкалтарошии ёдгорӣ
Девори мармарӣ ба шарафи ҷанговарони ҶБВ с.1941-1945

Таърих

вироиш

Соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст (меъморон Б. А. Зуҳурдинов, А. М Шербинин, ҳайкалтарош Д. Б. Рябичев). Тибқи нақшаи асосии шаҳри Душанбе барои маҷмааи ёдгории «Модар-Ватан» (дар ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр номида шудааст) дар қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе минтақаи калон ҷудо карда шудааст, ки дар теппаҳои он бешабоғ ҷойгир аст. Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази боғ — майдони намоиш ва оташи абадӣ мерасад. Барои осонтар ба болои теппа баромадан роҳи симтанобии овеза сохта шудааст. Сохтмони Боғи Ғалаба ҳоло пурра анҷом наёфтааст. Масалан, дар лоиҳа сохтмони Майдони андӯҳ бо оташи абадӣ, Гулгашти қаҳрамонон бо тасвирҳои муқарнасӣ ва муҷассамаи «Модар-Ватан» пешбинӣ шудааст, лекин муҷассама то ҳол бунёд нагардидааст. Тамоми ансамбл бо нуқтаҳои радио таъмин буда, силсилаи ҳавзҳо онро пурра мекунад. Ба композитсияи умумии маҷмаа зинапояҳо, суффачаҳо, майдончаҳои назоратӣ, сабзазорҳо, буттаҳои ороишӣ, силсилаи ҳавзҳо ва дигар унсурҳои ободонӣ дохил мешаванд. Муаллифон маҷмааро дар ҷойи ноҳамвор чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад. Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд. Шахс ҳангоми ҳаракат қаҳрамониҳои падарону бобоёнро, ки барои ояндаи насли наврас ҷонашонро қурбон кардаанд, дарк менамояд. Тамошобинон бо зинапоя аз Майдони андӯҳ гузашта, ба майдончаи назоратӣ мерасанд, ки аз он ҷо Гулгашти қаҳрамонон (60 Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) ибтидо меёбад. Аз хатти намо қад-қади майдонча ва зинапоя тахтасангҳои болои қабр бо нақшҳои муқарнасӣ гузошта шудаанд. Болотар аз он майдончаи меҳмонон воқеъ аст, ки дар девори мармариаш ба шарафи ҷанговарон ба ҳарфҳои зарҳалӣ «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст» навишта шудааст. Дар маҷмаа маводди ороишӣ — сангҳои табиии гуногунҷинс, мармар, тахтаҳои оҳану бетонӣ, филизз ва ғ. истифода шудаанд. Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад.

Иди Ғалаба

вироиш

Дар ин ҷо ҳар сол 9 май намоиши паради ҳарбӣ баргузор мешавад, наваскарон қасами ҳарбӣ ёд мекунанд ва навхонадорон барои сайру тамошо ба ин боғ меоянд. Боғи Ғалаба ҷойи дӯстдоштаи сокинони ш.аҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он мебошад.

Аксҳои боғи Ғалаба

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Душанбе, 2008. — С. 173 −174

Сарчашма

вироиш