Боғчадарвоза
Боғчадарвоза — дарвозаи шашгумбаздори қисми шимолии қалъаи Ичан (Хева, садаи XIX).
Ҳамаи гунбазҳо шаклан якхелаанд. Ду гунбази калон дар болои роҳрав буда, дар паҳлӯи онҳо дуконҳо сохта шудаанд. Дар тарафи пеши Боғчадарвоза ду бурҷ (гулдастаҳо) гузошта шуда, болои дарвоза равоқ ва кунгурадор мебошад. Тарафҳои шимолу ҷануби Боғчадарвоза бо рангҳои гуногун кошикорӣ гардидааст. Боғчадарвоза солҳои 1959–1960 тармим карда шуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Боғчадарвоза // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.