Боғӣ — як навъ тути бедонаи маҳаллӣ.

Тавсифот

вироиш

Дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Масчо дарахташро дучор омадаанд, ки 8,7 м баландӣ ва 118 см ғафсӣ доштааст. Баргаш миёнаҳаҷми байзашакл (дарозиаш 5–12 см, бараш 4,5–9,5 см), дандонадор. Мевааш миёнаҳаҷми устувонашакл (андозааш 16–20 х 10–14 мм), сафеди сабзтоб, сероби ширин; аз ох. май то ох. июл мепазад. Меваи навпухтааш 9,8% ва меваи пухта мавизакгаштааш 36,9% қанд дорад. Ҳосилашро барои тархӯрӣ ва хушкондан истифода мебаранд. Тутмавизашро бо мағзи зардолу, бодом ё нони қоқ якҷоя кӯфта (тутпуст), дар зимистон нигоҳ медоранд. Мувофиқи маълумоти Н. В. Смолский, ғизонокии 1 кг тутпусти боғӣ ба ғизонокии 5,5 кг нон ва 1,3 кг гӯшти гӯсфанд баробар аст. Боғӣ асосан дар деҳаҳои баландкӯҳи ноҳ-ҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент дучор мешавад.

Адабиёт

вироиш
  • Смольский Н. В. Культура тутового дерева в Зеравшанской долине ⁄⁄ Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.

Сарчашма

вироиш