Хоҷа Боқибиллоҳ (форсӣ: خواجه باقی بالله‎, Абулмуайид Разиюддин Муҳаммад, мутахаллис ба Беранг; 1564[1][2], Кобул[2]1603[1], Ҳиндустон) — яке аз муассисон ва мураввиҷони тариқати нақшбандия дар Ҳинд.

Боқибиллоҳ
Сурат
Таърихи таваллуд 1564[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1603[1]
Маҳалли даргузашт

Зиндагинома вироиш

Азбаски муддати дурудароз дар Ҳинд ва чанде дар Мовароуннаҳр муқим буд, дар маъхазҳо бо номҳои гуногун (Муҳаммадбоқии Нақшбандии Деҳлавӣ, Боқибиллоҳи Деҳлавӣ, Абдулбоқӣ ва Боқии Мовароуннаҳрӣ) ёд шудааст. Б. муддате назди шоир ва олими самарқандӣ Мавлоно Содиқи Ҳалвоӣ илоҳиётро омӯхт, ба тасаввуф рӯ оварда, бо пешниҳоди устодаш барои таҳсил ба Мовароуннаҳр омад. Дар Самарқанд бо пирони тариқати нақшбандия шиносоӣ пайдо карда, ба ҳалқаи муридони хоҷа Амкангӣ пайваст. Сипас ба Ҳинду Кашмир сафар карда, дар он ҷо бо шайх Бобо Валӣ шинос шуда, мароҳили сулуки нақшбандияро назди ӯ оғоз намуд. Баъди фавти Бобо Валӣ (1592) ба Мовароуннаҳр бозгашт, вале пас аз муддате дубора ба Ҳинд рафт ва дар ш. Деҳлӣ монд.

Б. дар мутобиқгардонии тариқат бо шариат мекӯшид ва ҳолатҳое чун халса, ваҷд, сукр, самоъ бо андешаҳои ирфонии ӯ созгор набуданд. Аз ишоратҳои фаровони Б. дар мактубҳояш ба Ибни Арабӣ ва зиндагиномааш равшан мегардад, ки ӯ аввал таълимоти ин орифи бузургро пазируфтааст, вале дар охири умр назарияи ваҳдати вуҷуди эшонро мавриди интиқод қарор додааст. Б. дар Деҳлӣ бо Аҳмади Сарҳиндӣ вохӯрд ва охирӣ маҷзубу муриди ӯ гашта, дар хонақоҳаш иқомат мекард, то аз эшон иҷозаи иршод гирифт ва дар зумраи пайравони тариқати нақшбандия даромад. Осори ӯ ба сурати малфузоту мактубот ва ашъору расоил боқӣ мондааст. Ҳамчунин ӯ маснавиҳои «Ганҷи фақр», «Қабл аз замони дарвешӣ», «Соқинома», «Силсилаи пирони тариқат», «Силсилату-л-аҳрор», «Рисола дар шарҳи „Силсилату-л-аҳрор“» дорад.

Осор вироиш

  • حیات باقیة. دهلی، ۱۹۰۵؛
  • کلیات به کوشش قاروقی نقشبندی و برهان احمد فاروقی. لاهور، ۱۹۶۷.؛
  • عرفانیات. به کوشش نظام احمد کاظمی حیرت. لاهور، ۱۹۷۰.؛
  • غلام سرور لاهوری. خزینة الاصفیا. لکهنو، ۱۸۷۳.؛
  • .دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج. ۸. تهران، ۱۳۸۵ هـ. ش.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш