Боқии Кошонӣ
Боқии Кошонӣ (форсӣ: باقی کاشانی[1]; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар бораи ин шоир тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ дар асараш «Музаккиру-л-асҳоб» маълумоти ҷолибе оварда, ӯро чун шоири хушбаёну хуштакаллум ёд кардааст. Мегӯяд, ки: «Алҳақ ибораташ ҷонӣ буд, дар латофат ёқути рангин менамуд. Дар тароват алфози дилфиреби ӯ бар маонӣ шӯхиангезтар аз хандаи шакарлабон, мазмунҳои бикри тозаи фикраш диловез аз турраи маҳбубон». Инчунин ба қавли ин тазкиранигор Боқии Кошонӣ хаттот будааст ва хатти насхро бо маҳорат менавиштааст. Иборат аз 10 ҳазор байт девон доштааст. Намунаҳо аз ашъори Боқии Кошонӣ:
Магар он шӯх ба сарманзили мо меояд,
Ки зи ҳар ҳалқаи дар бонги «даро» меояд.
Аз шикасти дили ман мерасад овоз ба гӯш,
Пайи ҳар хаста, ки бар санги ҷафо меояд.
Ғайр аз ин нест, ки помол кунӣ хуни маро,
Чӣ зи дастат дигар, эй дузди ҳино, меояд?!
Баски гарм аст ба ҳам улфати мо сӯхтагон,
Шамъ месӯзаду хун аз дили мо меояд.
Гар нагардид дилам аз ғами ӯ хун, Боқӣ,
Ин ҳама ашки ҷигархун зи куҷо меояд?!
Эзоҳ
вироиш- ↑ باقی کاشانی. ویستا. 20 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Боқии Кошонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.