Боқии Кӯлобӣ
Ҳаётҷон Боқии Кӯлобӣ (форсӣ: حیاتجان عبدالباقی باقی کولابی; ? — 1579, Ҳиндустон) — сӯфӣ ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти маъхазҳо Боқии Кӯлобӣ дар минтақаи Кӯлоби сарзамини Мовароуннаҳр (ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба таҳсил пардохтааст ва илму донишҳои маъмулии он айёмро фаро гирифтааст. Кай ва ба кадом сабаб ба Ҳиндустон рафтани Боқии Кӯлобӣ маълум нест. Вай дар замони салтанати Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар (ҳукмронӣ 1556—1605) дар Ҳиндустон ҳаёт ба сар бурда, дар ҳаёти адабии он диёр ширкат меварзидааст. Баъдтар пайравии тариқаи нақшабандияро ихтиёр карда, таълиму талаботи ин равияро дар ҳузури муршидаш Абдуллоҳи Нақшбандӣ омӯхтааст. Аз мероси адабии Боқии Кӯлобӣ то рӯзгори мо якчанд ғазал ва маснавии «Ҳир ва Ронҷҳо» (таълифаш 1575—1576) боқӣ мондааст. Достони «Ҳир ва Ронҷҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин ва маҳбубтарин достонҳои мардумии ноҳияи Панҷоби Покистон буда, саргузашти ошиқонаи Ҳир ва Ронҷҳоро таҷассум менамояд. Боқии Кӯлобӣ нахустин шоири форсизабон мебошад, ки қиссаи мардумии мазкур таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб сохтааст ва ин қиссаи ишқиро дар шакли бисёр мувофиқу зебо бо камоли маҳорат ва бо тарзи дилнишину забони шево баён кардааст. Аз ин ҷост, ки баъдан достони «Ҳир ва Ронҷҳо» мавриди таваҷҷуҳи як идда шоирони форсизабон қарор гирифт ва онҳо дар таҳти таъсир ва дар татаббуъу пайравии маснавии пурарзиши Боқии Кӯлобӣ як силсила манзумаҳои ҷолиби диққат (ҷамъан 19 маснавӣ) офариданд. Маснавии «Ҳир ва Ронҷҳо»-и Боқии Кӯлобӣ дорои 2480 байт мебошад ва нусхаи дастнависи то кунун маълуми ягонааш дар Осорхонаи миллии шаҳри Карочии Покистон нигоҳдорӣ мешавад. Ин абёт намунае аз Боқии Кӯлобӣ аст:
Ба чашмам гоҳ хуни дил, гаҳе хуни ҷигар баста,
Мани ғамдидаро бе рӯи ӯ роҳи назар баста.
***
Хубон агар надонанд имрӯз қадри моро,
Донанд қадри моро фардо, ки мо набошем.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқии Кӯлобӣ / А. Алимардонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.