Боқири Ҳиравӣ (форсӣ: باقر هروی‎; ? — қарни XVI) — донишманд ва хушнависи форс-тоҷик, писари Миралии Ҳиравӣ.

Боқири Ҳиравӣ

Зиндагинома

вироиш

Фарзанди хаттоти маъруф Миралии Ҳиравӣ. Санъати нозуки хаттотию хушнависиро аз падараш омӯхтааст. Боқири Ҳиравӣ ба ғайри ҳунарманди хушнавис будан илмҳои мутадовилаи замонаш — хусусан калом ва ҳикматро хеле батакмил аз худ намудааст. Ӯ аввал дар дарбори ҳокимони Ҳиндустон хидмат карда, баъдҳо дар дарбори Ҳумоюнподшоҳ наққошу хушнависи маъруф буд. Осори Боқири Ҳиравӣ дар китобхонаҳои Порис, Истанбул ва Теҳрон нигоҳдорӣ мешавад.

Адабиёт

вироиш