Боқӣ ибни Муҳаммад ибни Юсуф
Боқӣ ибни Муҳаммад ибни Юсуф (охири асри 15 — аввали асри 16) — кандакор, хаттот ва шоири тоҷик.
Зиндагинома
вироишАз деҳаи Оббурдани Кӯҳистони Масчо. Панҷ катибаи ӯ аз деҳаи Оббурдан ва сетояш аз деҳаи Ревомутки Кӯҳистони Масчо ёфт шудаанд. Катибаҳо оид ба аҳволу зиндагии ӯ маълумот медиҳанд. Боқӣ барои катибаҳои санги мазор низ худ шеър менавишт. Абёти зер намунаи эҷоди ӯст:
Дар ҳар чамане лолаву варде хезад,
Дар ҳар фасле зи шох барде хезад.
Лекин ду ҳазор сол бояд бишумурд,
То дар сафи мардон чу ту марде хезад.
Дар катибаи дигари Боқӣ, ки дар санги фасони рӯйи қабри Бика Султон ном зан аз қабристони Таги Мазори деҳаи Ревомутк пайдо шуд, чунин абёт кандакорӣ шудаанд:
Кош он рӯз, ки дар пои ту шуд хори аҷал,
Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар,
То дар ин мулки ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.
Боқӣ дар нигориши анвои хат сабку услуби хос доштааст. Ӯ катибаҳояшро бештар бо хутути таълиқ, шикаста ва девонӣ кандакорӣ намуда, барои катибаҳояш, одатан сангҳои нисбатан доирашаклро интихоб мекард. Сабк, тарзи навишти Боқӣ дар натиҷаи машқи дурудароз ва омӯхтани услуби хаттотон ва кандакорони пешин такомул ёфт. Дар катибаҳои ӯ хусусан таъсири нигоришоти хаттот ва кандакори асри 15 Алоуддин мушоҳида мегардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқӣ / А. Нуров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.