Бо Сзюйи (чинӣ: 白居易, ҳамчунин Бо Лэтян 白乐天, Бо Сяншан 白香山, 772846) — шоири чинӣ.

Бо Сзюйи
чинӣ: 白居易
Таърихи таваллуд: 28 феврал 772(0772-02-28)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 23 сентябр 846[1] (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: Забони чинӣ[1][3]
Ҷоизаҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар 17-солагиаш ба хидмати давлат (мушовири император, ёвари мураббии валиаҳд ва ғайра) дохил шуд ва ба гирифтани унвони ханлин (акад. адабиёт, баробари маликушшуаро дар ада­биёти форс-тоҷик) ноил гардид. Муддате бо туҳмати ҳа­судон аз хидмати дарбор дур карда шуд, вале пас аз чанде боз ба хидмат баргашт. Дар эҷодиёташ ба ғояҳои Конфутсий, ҷараёнҳои динии да­осизм ва буддоия такя намудааст. Ба будоия майл дошт; 5 соли охири умрашро дар дайри буддоия гузаронид ва маҷмӯаи ашъорашро ба дайри Сяншани Лунмэн эҳдо кард. Дар ҳамин дайр дафн шудааст. Бо сюзӣ-и муаллифи беш аз 3 ҳазор шеър мебошад, ки дар маҷмӯае гирд оварда, дар замони зиндагиаш нашр карда шуданд. Бо сюзӣ-и дар ашъораш ба мавзӯъҳои танқиду мазаммати фасод (ришвахӯрӣ), беадолатии феодалҳо ва ҷангҳо дахл кардааст. Ӯ чун шоири мардумдӯст шуҳрат дошт. Шеърҳои машҳураш «Сурудҳои нави халқӣ» (50-то), «Суруди ҳузни беохир», «Най» ва ғ. мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Даданов Г. Б. Буддизм в жизни и творчестве танского поэта Бо Цзюйи//Буддизм в литературно-художественном творчестве народов Центальной Азии. Новосибирск, 1985.

Сарчашма

вироиш