Браулёз (Braulosis), як навъ касалиест, ки магаси беболи паразит — браула ба вучуд меорад. Манбаи сироят — занбӯрҳои касал ва шонҳои бо тухми браула сироятёфта мебошанд. Оилаҳои занбӯр дар натиҷаи ангезандаи Браулёзро гузарондани занбӯрҳои наринаю модина ва кори, инчунин дар мавриди истифодаи шони оилаҳои касалӣ занбӯр сироят меёбанд. Браула ҳашароти нихоят чолок аст. Вай ба лабу даҳони занбӯрҳои мода ё кори часпида, бо чанголчаҳои тези худ онро озурда мекунад ва қатраҳои асали чудошударо мехӯрад. Занбурҳои сироятёфта одатан беқарор ва маҳсули корашон кам мешавад.

Браулез - Болезни пчёл - Пчеландия

Нигаред низ

вироиш