Бренд (англ.  brand – тамға ) – аломати савдо, ки дар шинохти истеъмолгар хусусият ва атрибутҳои пурарзиши фарқкунанда дорад. Бренд рамзи ягон сифати маҳсулот ё характеристикаи худи истеҳсолкунандаи мол аст. Барои ин бренд бояд шинохташаванда бошад ва чун қоида истифодаи он аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳифз карда шавад. Он ба забони қисми тамға, забони аломати мол ва образи намоишии тамға, ки рекламаро барои қабули харидор ба шакл медароранд, ҷудо мешавад.[1]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 39. ISBN 978-999-47-43-37-7