Бригӣ Рафинӣ (фр. Brigi Rafini; 7 апрели 1953 дар Ифуеруан, Нигер таваллуд шудааст) — сиёсатмадори Нигер, Сарвазири кишвар аз 7 апрели 2011.

Бригӣ Рафинӣ
аз 7 апрели 2011
Президент Махамаду Иссуфу
Пешгузашта Махамаду Данда
Таваллуд 7 апрел 1953(1953-04-07) (71 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Бригӣ Рафинӣ маълумоти миёнаи худро дар зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1971—1974 дар Мактаби Миллии Идоракунии Ниамей таҳсил кардааст. Соли 1983 Бригӣ ба Донишкадаи Байналмилалии Идоракунии Давлатии Фаронса дар Париж дохил шуд ва дар он ҷо тақрибан як сол таҳсил кард. Соли 1994 ӯ ба Париж баргашт ва як сол дар Мактаби миллии маъмурият таҳсил кард. Аз соли 1989 то 2011, вай дар ҳукумати Нигер вазифаҳои гуногуни давлатиро ба уҳда дошт. 7 апрели соли 2011, ӯ бо фармони президент ба вазифаи сарвазир таъйин карда шуд[1][2][3].

  1. Visite d’étude de trois députés et deux fonctionnaires de l’Assemblée nationale du Niger 30 juin au 4 juillet 2008 Assemblée nationale — Coopération interparlementaire — XIII° législature, French National Assembly, July 2008.
  2. M. Brigi Rafini, 4ème vice-président de l’Assemblée nationale et maire de la Commune rurale d’Iférouane. Assane Soumana, Le Sahel (Niamey), 2009-04-03.
  3. Human rights of parliamentarians: 186th Governing Council session International Parliamentary Union report on Niger, 2009.