Бронислав Громбчевский

Бронислав Людвигович Громбчевский (лаҳӣ: Bronisław Grąbczewski; 15 январ 1855, Ковнос[d]27 феврал 1926, Варшава) — сайёҳ ва шарқшиноси низомии лаҳистонитабори Русия, муҳаққиқи Осиёи Миёна ва миригариҳои Ҳиндукуш, шимолу шарқи Тибат ва Кошғар.

Бронислав Громбчевский
лаҳӣ: Bronisław Grąbczewski
Зодрӯз 15 январ 1855(1855-01-15)
Таърихи даргузашт 27 феврал 1926(1926-02-27) (71 сол)
Мансубият
Қисм генерал-лейтенант
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи неруҳои хушкигарди Варшава ва факултаи астрономияи Донишгоҳи Санкт-Петербург. Дар полки гренадерии лейб-горди Кексголм хидмат кардааст. Забони форсӣ- тоҷикиро медонист. Яке аз ширкаткунандагони амалиёти ҳарбӣ барои забти Олой (1876) ва Самарқанд (1878) буд. Соли 1880 ёвари сардори уезди Марғелон таъйин гардид. Ҳамчун корманди супоришҳои махсус дар назди губернатори вилояти Фарғона соли 1885 барои тафтиши вазъи марзҳо бо Хитой ба таҳқиқи Кошғар ва навоҳии марзии Тиёншон фиристода шуд. Соли 1886 як қисми Тиёншони Марказиро дар ҳавзаи д.-ҳои Сир, Норин ва Сусамир омӯхтааст. Барои дастовардҳои илмӣ бо медали нуқраи Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия сарфароз гардид. Соли 1888 бо супориши Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия аз Марғелон ба Помир, Ҳиндукуш сафар карда, баъзе минтақаҳои сароби д.-ҳои Ҳинд, Канҷут, болооби дарёи Тарим, кӯҳҳои Кошғарро таҳқиқ намуд ва ба харита ворид кард. Соли 1889 капитан Бронислав Громбчевский бо ҳамроҳии дастаи шашгонаи казакҳо ба Помир сафар карда, аз Олой ба Қаротегин, сипас ба Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз), Ванҷ, Сарез, Мурғоб ва Аличур, баъзе ноҳияҳои водии Вахону Ҳиндукуш, шимолу ғарбии Тибат ва Кошғарро омӯхта, маводди бисёреро дар бораи табиат, муҳит ва тарзи зиндагии сокинони ин сарзаминҳо гирд овард, ки бархе аз онҳоро дар рисолаи «Вазъи сиёсии кунунии хонигариҳои доманаи Помир ва хатти марз бо Кашмир. Очерки ҳарбӣ-сиёсӣ» дарҷ намуд. Барои сафари илмӣ дар хатсайри «Помир-Ҳиндукуш — болооби рӯди Ил» (1888) Бронислав Громбчевский сазовори медали хурди тилоии Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия ва узви пайвастаи он гардид. Соли 1891 подполковник Бронислав Громбчевский дар боздиди генерал-губернатори Туркистон аз Помир ва ҳамчунин лашкаркашии полковник Ионов ба ин минтақа (1892) ширкат дошт. Соли 1893 сазовори рутбаи полковник ва сардори уезди Ӯш таъйин шуд. Соли 1896 комиссари марзбонӣ дар вилояти Амур ва соли 1899 дар вилояти Уссурияи Ҷанубӣ буд. Соли 1900 генерал-майор Бронислав Громбчевский комиссари мулкии вилояти Квантуни Хитой, солҳои 1903-06 губернатор ва атамани дастаҳои низомии казакии Астрахан, 1908-09 намояндаи Салиби Сурх дар Марокаш буд. Натиҷаи таҳқиқоти Бронислав Громбчевский дар «Ахбори Ҷамъияти ҷуғрофиёии Рус» ба табъ расидаанд, аммо аксари таълифоти ӯ чоп нагардида, ҳоло дар сурати дастнавис дар бойгонии Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия дар Санкт-Петербург маҳфузанд. Бронислав Громбчевский ҳангоми саёҳатҳои худ маълумоти зиёди ҷуғрофиёӣ, этнографӣ, коллексияҳои биологию зоологӣ ҷамъ карда, мавқеъҳои астрономӣ ва гипсометрии бисёр маҳалҳоро муайян намуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Громбчевский Бронислав Людвигович / А. Мирбобоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Бокиев О. Б. Завоевание и присоединение Северного Таджикистана, Памира и Горного Бадахшона к России. Д., 1994;
  • Постников А. В. Схватка на «Крыше мира». М., 2005.