Бузи ангорӣ бостонтарин зоти пашмдеҳи Буз буда, дар кишварҳои қадими ҷангали Байнаннаҳрайн ба вуҷуд омадааст. Дар асрҳои миёна Б.-и ангорипарварӣ махсусан дар ноҳияи Ангора (Анқараи Туркия) инкишоф ёфт ва номи зот низ аз ҳамин ҷост. Пашми Бузи ангорӣ як-хела, нимдурушти сафед, ҷилодори мустаҳкам ва қаиш аст. Ҷисми тарошшавандаи он аз як микдор тибит ва кили кӯтоҳ иборат аст. Дарозии пашмаш пеш аз тароши якум 20—25 см (баъзан 35 см) мешавад. Дар як тарош аз модабузаш 2,2— 4 кг, такааш 4—6 кг пашм мегиранд (65—89-фоизаш пашми соф аст). Дар натичаи истифодаи яктарафа Бузҳои ангорӣ ҳангоми танҳо барои пашм парвариш кардан ҷисман хурду лоғар шуданд ва вазни зиндаашон кам гардид. Вазви зиндаимиёнаи модабузаш 27—42 кг (кадаш то сари душ 55—58 см), такааш 52— 95 кг ( надаш 63—68 см), маҳсулнокиаш 100—110%. 70—100 кг шир медиҳад. Равғаннокии шираш 4,4%.

бузи ангорӣ
Бузи Ангорӣ

Бузи ангорӣ. Вазни пушташ 38—50 кг. Гӯшташ хушсифат. Аз пусташ муина,аз паш¬маш моҳут, ҷолин, матоъҳои гуно-гуни баландсифати трикотажй ва ғ. тайёр мекунанд. Пусташ мулоим ва бадошт. Такай Б.-и ангориро ба¬рои бо бузҳои дуруштпашм ҷуфтӣ кардан истифода мебаранд. Пашми Б.-ҳои дурага аз онҳо руида мо-нанди пашми худашон нимдурушт мешавад.

Нигаред

вироиш