Бузургзодашиносӣ
Бузургзодашиносӣ, як бахши муҳими илми филологияи тоҷик, ки ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгор, осор ва мақоми илмии яке аз олимони маъруфи ҳавзаи суханшиносии тоҷикии солҳои 30–40-уми садаи ХХ, забоншинос, адабиётшинос ва фолклоршинос Лутфулло Бузургзода бахшида шудааст. Корнома, сарнавишти илмӣ ва фаъолияти гуногунҷабҳаи Бузургзода ҳамчун як тан аз олимони сермаҳсул ва саҳми ӯ дар бунёди андешаҳоигн илмии ин давра аз замони зиндагиаш то имрӯз таваҷҷуҳи муҳаққиқон — филологҳо, файласуфон ва таърихнигоронро ҷалб кардааст.
Е.Э. Бертелс (1937, 1938) дар бораи асари «Шеваи тоҷикони Чилгазӣ» (1936) ду тақриз навиштааст. Барои ин донишманд дар равшан кардани мақоми илмӣ ва моҳияту арзиши осори шевашиносии Бузургзода қобилияти нотакрор ва ҷадалҳои ҳамешагии ӯ дар самти таҳқиқ, ҳадаф ва характери амалии осор, ҳамчунин расоӣ ва дақиқии маводи гирдовардаи ӯ муҳим буданд. Эроншиноси рус С. Климчитский низ дар тақризи худ ин асари Бузургзодаро ибтидои нашри рисолаҳои ҷудогона дар бораи шеваҳои Тоҷикистон донистааст.
Арзиши асари Бузургзода «Грамматикаи забонӣ тоҷикӣ – фонетика ва морфология» (1940, ҳамроҳ бо Арзуманов ва Нестеренко) дар мақолаи Т. Зеҳнӣ (1940) арзёбӣ шуда буд. Асноди илмии нисбатан расову дақиқро дар бораи тақдири осори шевашиносии чопнашудаи Бузургзода аз мақолаи А.Л. Хромов «Лутфулло Бузургзода ва фаъолияти илмӣ–адабии ӯ» (1958) мехонем. Бозёфтҳои А.Л. Хромов баъдтар аз ҷониби донишманди бузургзодашиноси тоҷик Валӣ Самад тақвият ёфт ва барои кушодани чигили муаммоҳои осори Бузургзода хидмат кард. Ҷанбаи забоншиосии фаъолияти Бузургзода бо шохаҳояш дар давоми солҳои 60–90-уми садаи ХХ дар навиштаҳои забоншиносони маъруфи русу тоҷик В.С. Расторгуева (1956, 1961), С. Арзуманов, Н. Маъсумӣ, Г. Ҷӯраев (1965), Л.В. Успенская (1969), А.П. Колпаков, Б. Ниёзмуҳаммадов (1970), Ш. Рустамов, Т. Мақсудов, Ф.Зикриёев (1980), Р. Ғаффоров, Б. Камолиддинов (1990), М. Қосимова (1997), Ш. Исмоил ва дигарон таҳқиқ шудаанд. Дар ин асарҳо Бузургзода ҳамчун «нахустин забоншиноси тоҷик», «яке аз аввалин забоншиносони тоҷик», «яке аз бунёдгузорони муқтадири илми забоншиносӣ», «кашшофи шевашиносии тоҷик», «асосгузори усули муқоиса дар забоншиносии тоҷик» … муаррифӣ шудааст. Нахустин маротиба проффесор Р. Ғаффоров дар мақолаи «Дурахши як ситораи паррон» (1990) ба муайян кардани хусусиятҳои афкори гуногунҷабаи Бузургзода дар таълифи дастурҳои мактабӣ ва китобҳои дарсӣ кӯшидааст.
Дар таълифоти баъзе забоншиносон баррасии осори ҷудогонаи Бузургзода ҷой ва мақоми хоссе дорад. Масалан, профессор М. Қосимова «Синтаксиси мухтасари забони тоҷикӣ» ва Ш. Исмоил «Фонетикаи забони адабии тҷxик»-ро таҳқиқ кардаанд. А.Н. Болдирев нахустин маротиба аҳамияти асарҳои фолклоршиносии Бузургзодаро дар мақолаи «Масъалаҳои. омӯзиши эҷодиёти халқи тоҷик» (1951) ба таҳқиқ гирифтааст. Вай ба нашри эпоси «Гӯруғлӣ», «Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклори тоҷик», «Шеър ва достонҳо» аз ҷониби Бузургзода баҳои баланд медиҳад. Академик Р. Амонов дар мақолаи «Баъзе фикрҳо оид ба масъалаҳои фолклоршисии тоҷик» (1952) асарҳои Бузургзодаро ба қатори намунаҳои беҳтарини адабиёти даҳонии халқи тоҷик ҷой дода ва аз ҷиҳати нашри илмии асарҳои фолклори ибратбахш донистааст. Минбаъд дар бораи мақоми Бузургзода дар фолклоршиносӣ М. Турсунзода, И.С. Брагинский, В. Асрорӣ, С. Табаров, Б. Тилавов, Раҳим Мусулмониён, А. Сӯфиев, Б. Шермуҳаммадов, Ш. Умарова, Ф. Муродӣ, Д. Обидзода, А. Кучаров, В. Набиев… таҳқиқоти судманде анҷом додаанд.
Дар осори бузургзодашиносӣ фаъолияти адабиётшиносии Бузургзода низ то андозае ҳаллу фасл гардидаанд. А. Сатторзода нахустин маротиба роҷеъ ба осору афкори Н. Хусрав аз нигоҳи Бузургзода мулоҳиза рондааст, ки барои муайян намудани арзиши андешаҳои адабиётшиносии ӯ аҳамияти бузурге доранд. Вай ба мақоми Бузургзода ҳамчун «марди бисёрфан» (энсиклопедист) баҳо додааст. Як қисмати осори дар бораи рӯзгор ва осори Бузургзодаро асарҳои ёддоштӣ ва хотираҳои дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон дар бар мегиранд, ки муҳимтарини онҳо навиштаҳои Н. Маъсумӣ (1965), Т. Зеҳнӣ (1969), А.П. Колпаков (1969), Х. Мирзозода (1970), С. Табаров (1981, 1990), Х. Отахонова (1998)… ҳастанд.
Марҳилаи 50-солаи омӯзиш ва таҳқиқи рӯзгор ва осори Бузургзода бо ному фаъолияти пурсамари адабиётшиноси тоҷик В. Самад вобастагии зич дорад. Муаммои рӯзгор ва осори Бузургзода аз миёнаҳои солҳои 1950 дар як қатор навиштаҳои В. Самад, аз ҷумла «Симои ҷовид» (1960, 1990), «Ҳадиси ишқ поён надорад» (1964), «Зикри хайр» (1980), «Қаҳрамонии мард дар зиндагиву набард», «Дили лабрези умедҳо» (1990), «Аз арвоҳи Бузургзода хиҷолат накашед, устод!» (1993), «Таърих ва фоҷиаи зиндагии Лутфулло Бузургзода» (2001)… мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Нашри китобе бо номи «Дурахши як ахтари сӯзон» (Д., 2001) ҳосили ҷамъбасти чандсолаи таҳқиқоти бузургзодашиносон ва натиҷаи фаъолияти В. Самад мебошад, ки бо мусоидат, ҳиммат ва ҳиссаи сазовори ӯ сурат гирифтааст.
Адабиёт
вироиш- Дурахши як ахтари сӯзон.– Д., 2001; Азамов С. Формирование таджикского литературоведения 30–40–х годов ХХ века и литературные поиски Лутфулло Бузургзада. Автор. на соиск. учен степ. канд. филол. наук. – Худжанд, 2002.