Мирзо Шамсуддин ибни Мир Ҷалолуддини Бадахшӣ, маъруф ба Бузурги Бадахшӣ (форсӣ: بزرگ بدخشی‎; ? — 1585) — шоири форс-тоҷики аҳли Бадахшон.

Бузурги Бадахшӣ

Зиндагинома вироиш

Таълими ибтидоиро дар назди падараш, ки аз шахсиятҳои маъруфи Бадахшон буд ва сипас дар назди уламои Файзободи Бадахшон гирифтааст. Дар Кобул аз суҳбати аҳли илму адаб баҳравар гардидааст. Дар манбаъҳои адабии марбути Бадахшон, мас., тазкираи «Баҳори Бадахшон», намунаҳои бисёре аз ашъораш сабт гардидаанд.

Байтҳои зерин намунае аз ашъори ӯянд:

Аз мотамиёни мубталои ватанам
В-аз ғамзадагони ганҷи байтулҳазанам.

Шукӯҳи ҳуснро кӯҳ аз гаронӣ барнамедорад,
Дар ин фикрам, ки чун дар хилвати оина ҷо кардӣ?

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • شاه عبدالله بدخشی. ارمغان بدخشان. کابل، ۱۳۶۷ ه. ش .