Бузург (мусиқӣ)
Бузург (мусиқӣ) – калон, асари таркибан бузург, наво, пардаи маъмул дар мусиқии классикии тоҷик ва мардумони эронӣ. Мақоми 12-ум дар таркиботи Дувоздаҳмақом (садаҳои 12-17 ва оғози ас.18);
Бузург мақоми таркибан муҳташам дар маҷмӯъи Дувоздаҳмақом аст ва аз ин маънӣ дар таълифоти назарии мусиқии садаҳои 12 -18 ва оғози садаи XVIII мусиқидонон дар иртибот ба ин мақом нуктаҳои тоза баён намудаанд. Бузург дар табақоти доираи маъмулаи адвор доираи 75 собит шуда ва мусиқидонон усули истихроҷи қаторовозҳои онро дар пардаҳои сози мусиқии уд ба тариқи зайл собит кардаанд: Мақоми аввал дар маҷмӯъи «Шашмақом» (дар таркиботи мақомҳои хоразмӣ мақоми дуввум) буда ва Бузург чун мақомҳои дигар иборат аз ду шоха-созӣ (мушкилот) ва овозӣ (наср) аст.
Мушкилоти Бузург аз шохаҳои: Тасниф, Тарҷеъ, Мухаммаси Бузург, Мухаммаси Насруллоӣ, Сақили Ислимхонӣ, Сақили Султон ва ғ. Дар мақомҳои хоразмӣ бошад баробари шохаҳои зикршуда инчунин Пешрав ва Сақили Ниёзхоҷа илова шудаанд. Таснифро бошад мусиқидонони хоразмӣ мақоми Бузург ва тани мақом меноманд.
Шохаи овозии (насрӣ) Бузург иборат аз Сарахбор, Тарона, Талқини Уззол, Насруллоӣ, Насри Уззол, Супориш ва Уфарҳост.Дар мақомҳои хоразмӣ бошад гӯшаи Сувора (Суворӣ) ворид шуда, мансуб ба бахши Сарахбор аст ва ин тағйирот бар пояи анъанаи иҷроии ин ҳавзаи ҳунарӣ падид омадааст. Усули авзонии Бузург ҳам чун мақомҳои дигар бо риояти усули доира ба субут мерасад. Мусиқии Бузург саршор аз такя ва тавонҳои рангини мусиқист.
Адабиёт
вироишФарҳанги Ананд Роҷ, Лакҳнав,1894; Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1958; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1961; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966; Абдулқодири Мароғӣ, Мақосиду-л-алҳон, Теҳрон,1356; Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ,таҳия ва таҳқиқи Аскаралӣ Раҷабов, Душ., 1987; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1375; Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375; Ражабов И. Мақомлар масаласига доир, Тош., 1963; Мусиқӣ луғати , Тош., 1987.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 49 ISBN 978-99947-49-13-3