Бурҳониддин Баҳоваддинов

Бурҳониддин Баҳоваддинов (зод. 4 августи 1953, ноҳияи Ашт) — духтури хуншинос (гематолог), доктори илми тиб (2000), профессор (2001), Аълочии тандурустии СССР. Хатмкардаи Иниститути давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1976).

Бурҳониддин Баҳоваддинов
Таърихи таваллуд 4 август 1953(1953-08-04) (71 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт

Зиндагинома

вироиш

Фелдшер ва табиби Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе (1976-78), ҷарроҳ, духтури анестезиолог ва реаниматолог (1978-80), мудири шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи Куйбишев (1980-83), сардухтури Бунгоҳи хунгузаронии вилояти Қӯрғонтеппа (1983-90), ҷонишини якуми сардори Раёсати тандурустии Комиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа (1990-92), сармутахассис (ҷарроҳ)-и Саридораи ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-96), директори Маркази илмии ҷумҳуриявии хун (1996—2011), корманди муассисаи табобатии «Шифо» (аз 2011).

Дар мавзӯи «Такмили фаъолияти муассисаҳои хадамоти хун дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Муаллифи 189 мақолаву тезиси илмӣ, 2 монография оид ба масъалаҳои ташкили хадамоти хун, таъмини бехатарии сироят ва иммунологии хунгузаронӣ, беҳтар намудани сифати маводди хун, такомули барномаи муолиҷаи трансфузиологии беморон. Узви Ҷамъияти байналхалқии хунгузаронӣ, Ассотсиатсияи гематологҳо ва трансфузиологҳои Федератсияи Россия, Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба хадамоти хун, Ассотсиатсияи роҳбарони хадамоти хуни мамолики узви ЭКО.

Бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст (2003).

  • Геморрагический синдром и его осложнения у родильниц с гестозами. Д., 2001;
  • Состояние и перспективы развития службы крови Таджикистана // Здравоохранение Таджикистана, № 1. 2007;
  • Состояние и перспективы развития донорства в Таджикистане// Здравоохранение Таджикистана, № 2, 2008;
  • О концепции вирусной безопасности гемотрансфузий // Здравоохранение Таджикистана. № 2, 2008;
  • Диагностика и терапия ДВС-синдрома // Здравоохранение Таджикистана. № 2, 2008.

Сарчашма

вироиш