Бурҳонуддини Кирмонӣ
Бурҳонуддин Нафис ибни Иваз ибни Ҳакими Кирмонӣ (форсӣ: برهان الدین نفیس بن عوض بن حکیم کرمانی; Кирмон — 1449) — файласуф ва пизишки форс-тоҷик.
Зодгоҳ | |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1449 |
Кишвар |
Зиндагинома
вироишБурҳонуддин Нафис ибни Иваз ибни Ҳакими Кирмонӣ бо номҳои Табиби Нафисӣ, Ҳаким Нафисӣ, Бурҳон Нафисӣ низ маъруф аст. Хонадон ва аҷдоди ӯ аз аттибои Кирмон буда, ба синоати тиб ва табобат шуҳрат доштанд. Бурҳонуддини Кирмонӣ таҳсилоти тиббиро дар Кирмон ба анҷом расонида, дар ҳамон ҷо ба табобат машғул шуд. Бо маҳорату истеъдоди тиббиаш миёни хоссу ом зуд маъруф гардид. Дере нагузашта Улуғбек ӯро ба Самарқанд даъват ва табиби хоссаи дарбор таъйин кард. Бурҳонуддини Кирмонӣ дар Самарқанд бо дархости Улуғбек ба тадвини чанд рисола, аз ҷумла "Шарҳи «ал-Асбоб ва-л-аломот», Шарҳи «ал-Муъҷиз» ва "Шарҳи «ал-Қонун фӣ-т-тиб»-и Ибни Сино (Хулосаи «Қонун»-и Ибни Сино) машғул шуд. Пас аз марги Улуғбек Бурҳонуддини Кирмонӣ ба Кирмон бозгашта, то поини умр ба тадриси тиб машғул шуд. Истифодаи осори ӯ то аввалҳои қарни XX дар ҳудуди Эрону Ҳинд мушоҳида мешуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ибни Ивази Кирмонӣ / С. Шаҳобуддинов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- دکتر مجید ملک محمدی (۱۳۹۰)، بانک جامع اطلاعات پزشکی کرمان (فصل تاریخ پزشکی کرمان)، تهران: موسسه فرهنگی انتشاراتی عصر فرهنگ، شابک ۹۷۸-۶۰۰-۹۰۵۹۷-۴-۴