Бурҳонҷон Ризоев
Бурҳонҷон Ризоев (27.05.1948, д.Ашти н.Ашт), муаррих, доктори илми таърих (1990), профессор (1992). Аълочии маорифи ҶТ (2003).[1]
Бурҳонҷон Мирзоевич Ризоев | |
Таърихи таваллуд | 27 май 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ашт |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишБурҳонҷон Ризоев ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1969). Ассистенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОЛ ба номи С.М.Киров(1969), хидмат дар сафи Артиши Шурави (1970), ассистенти кафедраи таърихи ХКИШ-и ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1970-72), аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин (1972-1975), муаллим (1975-1976), сармуаллим (1976-1977), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ (1978-1986), ходими калони илмӣи кафедраи таърихи ҲКИШ (1986-88), дотсенти кафедраи таърихи сиёсӣ (1988-1991), профессор, мудири кафедраи таърихи сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1991-1998), профессори кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ (1998-1999), профессор, мудири кафедраи таърихи сиёсии Тоҷикистони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1999-2002), вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (2002-2005), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2005). Муаллифи беш аз 380 асари илмӣ, илмӣ-назарияви, таълимию методи мебошад. Иштироккунандаи конфронсхо ва ҳамоишҳои байналхалқӣ Таиланд (Бангкок, 2002); Белгия (Брюссел, 2004); Маскав, Ленинград, Киев, Душанбе ва Хуҷанд аст.
Осори илмӣ
вироиш- Образование и деятельность Ленинабадской городской парторганизации (1917-1985). -Д.: Ирфон, 1986 (в соавт.);
- Из истории индустриализации Таджикистана. - Д.: Ирфон 1988;
- Очерки истории Ленинабадской обувной фабрики №2. - Д.: Ирфон, 1989 (в соавт.); Таджикская Лениниана. Энциклопедический справочник. - Д., 1990 (в соавт.); Производственное объединение “Худжандатлас” (1931-1991). - Д.: Ирфон 1991 (в соавт.); Бахри вахдат ва ягонагии Тоҷикистон. - Хуҷанд, 1997 (бо хаммуаллиф);
- Политическая история Таджикистана. Учебное пособие для студентов вузов. - Худжанд, 2001 (в соавт.).