Муҳаммад ибни Мусои Боснавӣ (мулаққаб ба Алломак; 1595, Сараево — 1635 ё 1636, Румайло, Туркия) — муфассир, муҳаддис[1]ва фақеҳ ҳанафии бусниёӣ.

Буснавӣ

Зиндагинома вироиш

Таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи Қозӣ Хусравбеки Сараево гирифта, сипас барои такмили таҳсилот ба Истанбул рафт. Дар он ҷо ҳамзамон бо таҳсил ба шарҳи осори гузаштагон низ машғул буд, то ин ки қозиюлқузоти Ҳалаб таъйин шуд. Боснавӣ дар Ҳалаб мавриди истиқболи самимии мардум қарор гирифт, вале эҳтимол ба сабаби ихтилофе, ки бо Мустафо-пошо дошт, дар он ҷо муддати зиёд наистода, ба Искодар рафт. Мустафо-пошо аз тарси фош шудани зулму ситами гумоштагонаш ӯро ба иқомати маҷбурӣ дар ҳисори Румайло ва хонанишинӣ водошт. Дар рӯзҳои ахири зиндагии Боснавӣ Мустафо-пошо ӯро қозии Истанбул таъйин кард, вале вай ин таъйинотро напазируфт.

Боснавӣ асосан таълифоти пешиниёнро шарҳу тафсир карда, бар чанде аз онҳо ҳошия навиштааст ва чанде дигарро тарҷума намудааст. Мас., ӯ ба «Аҳодису-л-арбаин» ва «Шамсия»-и Қутбуддини Розӣ дар илми мантиқ шарҳ навиштааст. Тафсире аз сураи «Фатҳ» мансуб ба ӯст. Боснавӣ «Ҳаёту-л-ҳаявон»-и Дамирӣ ва «ал-Ҷавоҳиру-л-музиа фи-л-аҳкоми-с-султония»-и Мановиро ба туркӣ тарҷума кардааст. Аз миёни ҳошияҳои Боснавӣ метавон аз ҳошияҳои ӯ бар «Анвору-т-танзил»-и Байзовӣ, шарҳи Абдурраҳмони Ҷомӣ бар «Кофия»-и Ибни Ҳоҷиб ва шарҳи Шарифи Ҷурҷонӣ бар «Мифтоҳу-л-улум»-и Саккокӣ ёдовар шуд. Нусхаҳои сершуморе аз ҳошияҳои тафсирии Боснавӣ дар китобхонаҳои Туркия ва Миср нигоҳдорӣ мешаванд.

Эзоҳ вироиш

  1. بوسنوی سرایی محمدبن موسی. دایرة المعارف اسلامی.

Адабиёт вироиш

  • Turkiye diyanet vakfi Islam ansiklopedisi, Istanbul, 1992.