Бюрокра́тия (аз фр. bureau «бюро, идора» + юн. κράτος «салтанат, ҳокимият») — гурӯҳи иҷтимоии идоракунии касбӣ дар сохтори ташкилоте, ки дохили силсилаи маротиб, иттилооти дақиқи амуди ва воситаҳои расмии ҳалу фасли масоил мебошад.

Таърих

вироиш
 
Питер Брейгел Хурдӣ, Пардохти молиёт, соли 1640

Ҳар як илм таърихи пайдоиш ва рушду инкишофи худро дорост. Ва дар баробари ин мафҳумҳое мавҷуданд, ки ба ин ё он илм таъалуқ доранд. Чунин истилоҳу мафҳумҳо бо мурури замон ва бо талаботи ҷамъияти тобиши илмӣ пайдо мекарданд. Дар илми сиёсӣ истилоҳи «бюрократия» аввалин маротиба соли 1745 тобиши илмӣ ёфтааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бюрократия таърихи бисёрҳазорсолаи худро дорад. Бюрократия ҳатто дар аввалин давлатҳо дида мешуд.

Бюрократия аз истилоҳи фаронсавии «bureau» — бюро, дафтар ва юнонии «kratos»- ҳокимият, кудрат гирифта шудааст. Дар замони муосир «бюрократия» гуфта самти фаъолиятеро меноманд, ки корҳои идораи давлатиро дарбар мегирад ва тамоми корҳои давлатӣ дар шакли муайян дар ҳокимияти мутамарказ аз тарафи сарварон тавассути тобеъиён амалӣ мешавад.

Бюрократия — ин инсонҳои баланд тахассусе мебошанд, ки бо масъалаҳои идора ва ичроиши макомотҳои олии ҳокимият машгуланд. Дар рафти фаъолияти худ онҳо ба қонуну қонуниятҳои махсус, ки дарачаи баланди муносибатро талаб менамояд, итоат менамоянд. Идораи бюрократӣ — ин идорае мебошад, ки вазифадор аст тамоми меъёру қоидаҳои муайяншударо дар сатҳи баланд риоя намояд. Сохтори бюрократияи давлатӣ хеле мураккаб мебошад. Он вазифаҳои давлатро муайян мекунад, ки дар кадом давраи таърихӣ амали карда мешаванд.

Истилоҳи Бюрократия ба ду мазмун: мусбат ва манфӣ истифода мешавад. Мазмуни мусбати он ихтисосноккунонии вазифаҳои идоракунӣ, анҷом додани вазифа ба воситаи кормандони касбӣ, ташкили низоми дурусти кор, таъмини иттилооти кофӣ ва васоили техникии марбутаро тақозо мекунад. Ҳангоми идораи системаи мураккаби Бюрократия ташкили дараҷаву маротиби онро дар сатҳҳои гуногун, ки муқаррарот (дастуруламалҳо, меъёру қоидаҳо ва ғайра) ва ашхоси мавриди ифои вазифаро танзим мекунад, тасаввур карда тавонистан зарур аст. Вале дар ҳаёти воқеӣ бо вуҷуди пешбинӣ намудани ҳамаи танзимоти марбута боз имкони сӯистифода аз ҳокимият боқӣ мемонад ва меъёру қоидаву қонунҳоро барои пахш намудани ташаббусу ибтикор истифода бурдан мумкин мешавад. Аз ин рӯ, ин мазмуни манфии истилоҳи Б.-ро бюрократизм меноманд, ки зимни он сифати идоракунӣ паст шуда, хароҷот барои нигаҳдории системаи мазкур меафзояд, ҳаллу фасли масоили идоракунӣ бештар бо манфиатҳои иттиҳодиявии худи Бюрократия иваз карда мешавад, самаранокии идоракунӣ паст мегардад, коррупсия (фасод) инкишоф меёбад, ғайриқаноатбахш будани фаъолияти Б. меафзояд. Дар натиҷа ҷиҳатҳои манфии Б. зуҳур менамоянд ва баъзан чунин вонамуд мешавад, ки нақси Бюрократия бартарафшуданӣ нест ва фароҳам намудани тарзи идоракунии қаноатбахш ба воситаи Бюрократия ғайриимкон мебошад.

Бюрократия ба истилоҳи универсалӣ (умумӣ) табдил ёфтааст ва ба фонди луғавии забони бисёр халқу миллатҳо дохил шудааст. Дар Британияи Кабир кормандони корхонаву муассисоти давлатиро «кормандони тоҷ», дар Фаронса онҳоро «функсионер», дар Русия – «чиновник» меноманд. Бюрократия таърихи куҳан дорад ва шаклҳои классикии он дар Шумер, Миср, маданияти «критию микенӣ» ба мушоҳида мерасид. Чун самаранокии фаъолияти ҳар як бюрократ аз рӯйи фаъолияти Бюрократия муайян карда мешавад, имкони сӯистифодаи ҳокимияти бюрократӣ ба фаъолияту амали тамоми системаи дастгоҳи бюрократӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, манфиатҳои иттиҳодиявӣ дар Б. арзи вуҷуд мекунанд. Таҷрибаи таърихии инкишофи сохтори сиёсии давлатҳо нишон медиҳад, ки ҷомеа на фақат бо шаклҳои пешраванда ва таҳаввулёбандаи идоракунӣ, ки ба муқобили Б. равона шудааст, балки бо системаи идоракунии консервативии бюрократӣ низ амал карда метавонад. Таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки вобаста ба вазъият дастгоҳи идоракунии ҷомеа комилан ба тарафи бюрократия майл дошт. Чунин сохтори бюрократӣ дар ҷомеа на фақат қобилияти ҳаётӣ дорад ва ба ҳифзу таҳкими худ мекӯшад, балки дар бозори идоракунӣ ба рақобат пардохта, ташкилотҳои ғайрибюрократиро аз саҳнаи фаъолият дур месозад ва ё ба худ тобеъ мекунад. Бартарии Б. мавқеи сареҳи барқароршудаи маротибе (дараҷаҳое) мебошад, ки мартабаи поинӣ ба мартабаи болоӣ тобеъ буда, аввалӣ ба воситаи охирӣ таҳти назорат қарор мегирад. Дар сохтори бюрократия аз боло ба поин ҳаҷми салоҳият кам, вале миқдори мартабаҳо (вазифаҳои ишғолкардаи кормандон) зиёд ва ихтисоснокӣ маҳдуд мешавад. Усули маротиби идоракунии шакли амудӣ ба воситаи занҷири силсилавӣ аз боло ба поинро шакли идоракунии фармондеҳӣ меноманд. Тақсими меҳнат дар дастгоҳи Б. тавре сурат хоҳад гирифт, ки ҳар як иҷрокунанда вазифаи муайянеро (ки дар ғоя якест) тибқи вазифаҳои ишғолкардаашон анҷом медиҳанд. Мафҳуми Бюрократияро ба иқтисоддон – физиократ Винсен де Гурнай нисбат медиҳанд, ки соли 1745 онро ҳамчун ҳокимияти иҷроия муаррифӣ кард, вале М. Вебер онро дар илм ҷорӣ намуда, ҳамчун ҳалқаи робитаи байни давлату раият арзёбӣ намуд. Дар назари сотсиологияи муосир Б. яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ қароргирифта маҳсуб мешавад. Дар миёнаҳои садаи XX олимони амрикоӣ Р. Мертон ва А. Гоулднер дар бюрократияи оқилона як силсила вазифаҳои номатлубро кашф карданд. Мувофиқи он усули муносибати оқилона, ки дар ҳамаи унсурҳои системаи тасмимгирӣ амал мекунад, як амал ё худ фаъолияти бенизом вонамуд мешавад. Моҳияти чунин бенизомӣ, ба фикри онҳо, аз он иборат аст, ки воситаи фаъолият ба ҳадафи он табдил меёбад, зеро аносири идоракунӣ (аз боло то ба поин) ва иҷрои бечунучарои дастуруламалу нишондодҳо, қоидаву меъёрҳо, интизоми қатъӣ ва ғ. ба мақсади асосӣ табдил меёбанд ва дар натиҷа монеае барои иҷрои амал (фаъолият) аз рӯйи муносибати оқилона мегардад. Ихтисоси маҳдуди кормандон (бо як ё ду касб) зимни идоракунӣ барои ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои марбут ба он ва дигар матолибе, ки ногузир дар ҳар шакли системаи идоракунӣ ба вуҷуд хоҳанд омад, имконият фароҳам сохта наметавонад. Аз ин рӯ, самаранокии дастгоҳи идоракунӣ ва мувофиқати он ба меъёрҳои муносибати оқилона дар ҳалли масоили идоракунӣ коста мешавад. А. Гоулднер ғояҳои назари М. Веберро тақвият дода, ду навъи бюрократияро дар ҷомеаи муосир аз ҳам ҷудо намуд: намояндагӣ (ҳокимият ба дониш ва тавоноӣ такя мекунад) ва авторитарӣ (ҳокимият ба тасвибу унсурҳои манфӣ асос ёфтааст). Омӯзиши илмии ҳокимияти бюрократӣ дар сотсиологияи муосир аз нимаи дуюми соли 1980 дар робита бо дарки табиати сохтори давлатию сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуд. Миқдори таҳқиқоти анҷомёфта, ки нисбат ба адабиёти таҳқиқии тоинқилобӣ мазмунҳои воқеии аслӣ (оригиналӣ) доштанд, хеле кам буданд. Дар ибтидо бюрократияро ҳамчун зуҳури тағйири ташаккулёфтаи усулҳои демократияи сотсиалистӣ қаламдод намуданд. Баъдтар ба он ишора мекарданд, ки дар шароити муайян дар дохили сотсиализм бюрократия ба вуҷуд меояд. Дар ибтидои солҳои 90 садаи XX олимон андеша доштанд, ки маҳз сотсиализм, беш аз ҳама, тамоюл ба бюрократия дошт. Як силсила таҳқиқот пайдо шуданд, ки ба «номенклатура», яъне бюрократияи давлатию ҳизбии ҷомеаи шӯравӣ бахшида шуда буданд.

Бюрократия тадриҷан мақоми синфи ҳукмронро ба худ касб мекард. Кормандони мақомоти болоии ҳизбӣ ё давлатӣ, дар сурати ташкили идораи нодуруст, аз вазифа озод карда намешуданд ва танҳо аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронда мешуданд, ки чунин ҳолат яке аз унсурҳои бюрократия шинохта шудааст. Дар сурате аз бюрократизм озод шудан мумкин аст, ки аз сарвари давлат сар карда то шахси одии мансабдор ҳангоми риоя накардани қоидаву қонун мавриди танқид ва муҷозот қарор гиранд. Назорати фаъолияти шахсони мансабдор дар Б. танҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ зимни таъмини фаъолияти дурусти тамоми дастгоҳи идоракунӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии инкишофёфтаи дорои қобилияти таҳлилу арзёбӣ намудани фаъолияти ҳокимият, ироаи тамоми маълумот дар бораи даромади шахсони мансабдор, ба танқид эътино кардани шахсони мансабдор, таъмини ҳуқуқи интихобии шаҳрвандон ва коркарди механизми бозхонди шахсони интихобшуда дар сурати анҷом надодани уҳдадориашон дар назди интихобкунандагон ва ё вайрон кардани қонун ҷомаи амал пӯшида метавонад.

Навъҳо

вироиш

Мухакикон се навъи бюрократияро аз хам фарқ кардаанд, аз кабили:

  1. Вебери ё назарияи бюрократияи ратсионалӣ.
  2. Марксистӣ.
  3. Шарқи (хитоӣ).

Аз миёни навъҳои зерин назарияи М.Вебер, ки онро вебери низ меноманд машҳур ва паҳнгашта мебошад, ки он ҳамчун зербинои идораи давлати дар мамлакатҳои гарб маҳсуб меёбад. Ва моҳияти асосии назарияи мазкур чунин аст:

  1. Бюрократҳо шахсони идоранамои баландтачрибае мебошанд, ки бе онҳо ягон чомеа дар шакли ташкилоти давлати вучуд дошта наметавонад. Ин гуруҳи ботачрибаи одамон барои мувофики талаб анчом донани корҳои давлати хидмат мерасонанд. Ва гуруҳи мазкури одамон асоси дастгоҳи давлатиро ташкил медиҳанд, ки нақши онҳо дар рушди чомеа таъсирбахш аст.
  2. Ташкилоти бюрократи — ин макомоти ратсионалие мебошад, ки барои ҳалу фасл ва ба танзим даровардани масъалаҳои чомеа равона шудааст, ки он дар доираи меъёру қонунҳои мукарар шуда ба танзим дароварда мешавад.
  3. Фаъолияти дохили ташкилотиест, ки дар шакли хатти амали мешавад ва солҳои тулони нигоҳ дошта мешавад.
  4. Тамоми мансабдорон бояд на танҳо дар соҳаи худ мутахасиси хуб бошанд, балки аз меъёрҳои ҳукуки вокиф бошанд.
  5. Ҳар як мансабдор дар давоми фаъолияти худ бояд аз доираи ваколатҳои худ набарояд ва уҳдадориҳои худро ба чо орад.

Адабиёт

вироиш
  • Берлин П. А. Русская буржуазия в старое и новое время. М., 1922;
  • Джилас М. Новый класс. Анализ коммунистической системы. Нью-Йорк, 1957;
  • Миллас Р. Властвующая элита. М., 1959;
  • Яковлев Т. С. Аппарат управления: принципы организации. М., 1974;
  • Восленский М. Номенклатура. М., 1991;
  • Масловский М. Политическая социология бюрократии. М., 1996;
  • Weber М. The Theory of Social and Economic and orqanization. L., 1947.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш