Бёрнстерне Бёрнсон
Бйёрнстйерне Мартиниус Бйёрнсон (норвегӣ: Bjørnstjerne Martinius Bjørnson; 8 декабри 1832, Квикне, Норвегия – 26 апрели 1910, Париж) — нависандаи норвегӣ. Барандаи ҷоизаи Нобел (1972).
норвегӣ: Bjørnstjerne Bjørnson | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | букмул Bjørnstjerne Martinius Bjørnson |
Таърихи таваллуд: | 8 декабр 1832[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 апрел 1910[1][2][3][…] (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, намоишноманавис, нависанда, рӯзноманигор, насрнавис, сиёсатмадор |
Забони осор: | Забони норвегӣ[5][6] ва забони даниягӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар повести «Сюнёве Сулбаккен» (1857; ба тавассути он Б. чун нависанда шуҳрат ёфт) ва повестҳои «Ҷавони хушҳол» (1860), «Суруди тӯёна» (1872) ва ғ. Б. аз аҳвол ва рӯзгори мардуми деҳот бо тасвироти шоирона ҳикоя кардааст. Ҷиҳати басе ҷолиби эҷодиёти Б. таваҷҷуҳ ба ватандӯстӣ, эҳёи фарҳанги миллии мардуми Норвегия, худшиносии онҳо мебошад. Барои театрҳои шаҳрҳои Бергене ва Христиания намоишномаҳои романтикӣ дар мавзӯъҳои таърихи Норвегия таълиф намуд («Дар байни муҳорибаҳо», 1857; «Хулдаи ланг», 1858; «Шоҳ Сверре», 1861; «Сигурди бадхашм», 1862; «Сигурди салибдор», 1872) ва ғ. Намоишномаҳои иҷтимоӣ-танқидии ӯ: «Муфлисшавӣ» ва «Муҳаррир» чун «драмаҳои нав» дар мавзӯъҳои рӯз эътироф шуданд. Масъалаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва динӣ дар намоишномаҳои «Подшоҳ» (1877), «Низоми ҷадид» (1879), «Дастпӯшак» (1883), романҳои «Ғубор» (1882), «Парчамҳо дар шаҳр ва бандар» (1884), «Дар роҳи Худо» (1889), асари дугонаи «Аз ҳамаи нерӯҳо қавитар» (1883–95), намоишномаҳои баъдинаи ӯ «Паул Ланге ва Тура Парсберг» (1898), «Ҷӯшиши шароби ноб» (1909) ва ғ. матраҳ гардидаанд. Б. муаллифи Суруди Миллии Норвегия «Бале, мо ин заминро дӯст медорем» (1859) мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118511459 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Неустроев В. П. Литература скандиновских стран (1870–1970). М., 1980.
Сарчашма
вироиш- Бёрнсон, Бёрнстерне Мартинус // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.