Бҳилой, Бҳилойнагар (анг. Bhilai, Bhilainagar) — шаҳр дар Ҳиндустони Марказӣ, дар иёлати Чҳаттисгарҳ (то 1.11.2000 дар ҳайати иёлати Мадҳия-Прадеш буд). Аҳолиаш 1,1 млн нафар (2012). Бҳилой дар қисми ғарбии иёлати Райпур дар шафати роҳи оҳани Ҳаура – Мумбай воқеъ аст. Маркази бузургтарини энергетика ва филиззоти сиёҳи кишвар буда, дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад. Комбинати пуриқтидори филизкорӣ (металлургӣ)-аш бо ёрии Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, ки соле то 2,5 млн т оҳану пӯлод истеҳсол мекунад. Дар Бҳилой кони истихроҷи маъдани оҳан ва манган, ангиштсанг мавҷуд буда, саноати филиззотро бо ашёи хом таъмин мекунад. Саноати кимиё (истеҳсоли нуриҳои минералӣ) ва истеҳсоли семент рушд кардааст. Дар Бҳилой шолӣ, гандум ва ҷуворӣ парвариш карда мешавад. Хатти роҳи оҳани Дург Бҳилойро бо шаҳрҳои дигари кишвар мепайвандад. Бҳилойи имрӯза бо услуби меъмории муосири ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Ад.: Большая советская энциклопедия. Т.4. М., 1971; Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978.

Сарчашма

вироиш