Бҳимбетка — маҷмӯи тасвироти рӯйисангии аҳди мезолит дар ғори доманакӯҳи маъбади Виндхя, дар атрофи шаҳри Бҳопал (иёлати Мадҳя Прадеш, Ҳиндустон). Соли 1950 кашф шуд. Қисми зиёди тасвирот ба ҳазорсолаи 8–5 то м. тааллуқ дорад. Инҳо манзараҳои шикор, муҳорибаҳо, маросими дафн, бозиҳои варзишӣ, аслиҳаи гуногун; тасвироти ҳайвонот – бизонҳо, хукҳо, ғизолон, оҳувон, палангҳо, филҳо; ашхоси бо ниқоб рақскунанда, занҳои ҳомила ва ғ. мебошанд. Аз соли 2003 ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Сарчашма вироиш