Бӯстон (деҳа, н. Панҷакент)

Бӯстондеҳа дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент. Аз Бӯстон то маркази ноҳия 43 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3333 нафар (2013). Нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Марғедар таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз дарёи Киштӯд обёрӣ мешаванд. Мардуми Б. соли 1998 аз деҳаҳои Яккахона, Мадовра ва Артуч кӯчида омада, деҳаи Дашти Боло (дертар Навбаҳор)-ро дар ҳайати к-зи ба номи Рӯдакӣ бо роҳбарии Элбоев Сабоҳиддин ташкил кардаанд. Айни замон дар ҳудуди Б. хоҷагиҳои деҳқонии «Артуч» ва «Чимтарға» мавҷуданд.

Деҳа
Бӯстон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Рӯдакӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3333 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3475

Сарчашма

вироиш