Бӯта
Бӯта (форсӣ: بوته), мулда — зарфи хурмашакл ё устувонашакли аз масолеҳи оташбардор ва дергудоз — гилбӯтаи сахтшуда, бӯтахишт сохташуда, ки дар он мис, нуқра, тило, пӯлод ва баъзе дигар филиззотро мегудохтанд.
Бӯтарезӣ дар асри биринҷӣ дар мамлакатҳои Шарқ пайдо шуд. Дар Бухорои асрҳои 18-19 пеш аз зарби танга тило ва нуқраро дар бӯта аз ғашҳо тоза мекарданд. Дар Аврупо ин усул ҳангоми пӯлодгудозӣ (миёнаҳои садаи XVIII) ба вуҷуд омад ва то ибтидои садаи XX истифода шуд. Бӯта баъд аз ихтирои усулҳои барқии филизгудозӣ қариб барҳам хӯрд.
Истилоҳи «бӯта» дар ашъори шоирони форс-тоҷик, мас., Ҳофизи Шерозӣ, ба маънои гудохта шудани зар дар бӯта омадааст:
- Ҳофиз чу зар ба бӯта дарафтоду тоб ёфт,
- Ошиқ набошад он, ки чу зар ӯ ба тоб нест.
Ҳоло дар филизкорӣ, коркарди филиззот (гудозиш, рехтагарӣ, бозпухт, саноати кимиё) ва озмоишгоҳҳои кимиёӣ ба сифати Бӯта косача ва дигар зарфҳоро истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бӯта / Т. Ҷӯраев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. Д., 1969;
- Справочник химика. Ленинград, 1971;
- Мезенин Н. А. Занимательно о железе. М., 1972;
- В. Н. Иванов. Словарь-справочник по литейному производству. М., 1990;
- Азимов А. Ближний Восток. История десяти тысячелетий. М., 2004. .