ВАО-и онлайнӣ
ВАО-и онлайнӣ (ҳамчунин веб-ВАО, Интернет ВАО) – навъи захираҳо дар Интернет, ки вазифаи васоити ахбори оммаро иҷро мекунанд. ВАО дар Интернет монанди рӯзномаҳои анъанавӣ, телевизион ва радио иттилоотеро пахш мекунад, ки инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ буда, аз ҷониби коллективи журналистон дар давраи муайян ба вуҷуд омадааст. Технологияи Интернет ба ВАО-и онлайнӣ аносири махсус мебахшад, ки хусусияти чандрасонаи (русӣ: мултмедийность)-ро пайдо кардан, ҷолибият (русӣ: интерактивность), хосияти матни бузург (русӣ: гиппертекст) аз ҷумлаи онҳост.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 51. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |