Википедиа:Фошсозии мушорикат дар баробари дастмузд
(Тағйири масир аз ВП:ДАСТМУЗД)
Ин саҳифа сиёсати расмии Википедияи Тоҷикӣ аст. Ин сиёсат мақбулияти густардаи дар миёни вироишгарон дорад ва як меъёр барои вироишгарон ба шумор меравад, ки ҳама бояд аз он пайрави кунанд. Замоне, ки саҳифаеро вироиш мекунед, талош кунед, ки вироиши шумо баёнгари иҷмоъ бошад ва агар мутмаъин нестед нахуст дар саҳифаи баҳс, онро баҳс кунед. |
Мушорикат дар баробари дастмузд — мушорикатест дар Википедия, ки дар баробари дастмузд ё бо ангезаҳои ғайридовталабонаи дигар анҷом мегирад. Ин навъ мушорикат ҳаргуна изофа кардан ё ҳазф кардани матолиб аз сафаҳот, аз ҷумла мақолот ва сафаҳот баҳсро дарбар мегирад.
Агар шумо дар баробари мушорикатҳоятон подоше, ба сурати мустақим ё ғайримустақим, дарёфт мекунед ё интизор доред, ки дарёфт кунед, бояд касеро ки ба шумо подош медиҳад, касеро, ки барои ӯ вироиш мекунед ва ҳаргуна нақш ё робитаи муртабити дигарро ифшо кунед.